ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МУОСИРИ МИЛЛӢ
Истиқлоли давлатӣ олитарин арзиш, нодиртарин эҳдои таърих, натиҷаи талошу заҳмату ҷоннисориҳои қаҳрамонон аст. Имрӯз ҳар фарди Тоҷикистонро зарур аст, ки арзиши аслии истиқлолро дар умқи қалбу шуури худ дарк намояд, омодаи ҳифзи бегазандии он бошанд. Зеро Истиқлоли давлатӣ ба мо имконияти эҳёи давлатдории миллиро дода, заминагузори рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона гардид. Ҷомеаи шаҳрвандӣ ва низоми бисёрҳизбиро тавсеа бахшида, ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ ва иқтисодии шаҳрвандонро кафолат дод. Имконияти бозгашт ба решаҳои таърихӣ, таҳкиму тақвияти фарҳанг, забон, тамаддун ва худшиносии миллиро низ истиқлоли сиёсӣ ба мо эҳдо намуд.
Истиқлолият мафҳуми мураккаб ҳамзамон муҳимтарини сиёсӣ-ҳуқуқӣ буда, ифодаи соҳибихтиёрии давлат дар муносибатҳои дохилӣ ва хориҷӣ, мустақилияти сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангиро дар бар мегирад. Давлати соҳибистиқлол ҳуқуқ дорад самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро мустақилона муайян намуда, манфиатҳои миллиро ҳимоя созад. Дар илми сиёсӣ истиқлол ҳамчун асоси давлатдории миллӣ баррасӣ мешавад, зеро бидуни соҳибихтиёрӣ ташаккули низоми устувори давлатӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ғайриимкон аст. Истиқлолият барои ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар идоракунии давлат ва баланд бардоштани масъулияти иҷтимоӣ мусоидат менамояд. Давлатдории муосир бе иштироки фаъоли ҷомеа ва эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ устувор буда наметавонад. Аз ин лиҳоз, истиқлолият шарти зарурии худмуайянкунии миллат ва пойдории давлат мебошад.
Новобаста аз он ки ба даст овардани Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шароити бисёр мураккаби сиёсӣ ва иҷтимоӣ сурат гирифт, таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон пояҳои давлатдории муосири миллӣ гузошта шуд. Дар марҳалаи ташаккули давлатдории муосири миллӣ нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр муҳим ва сарнавиштсоз мебошад. Истиқлол масъулияти комил барои навиштани тақдири худ, ташкили давлати миллии муосир ва дар ҳамин заминаи барқарор кардани сулҳро талаб мекард. Маҳз сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Сарвари давлат имкон фароҳам овард, ки Истиқлоли давлатӣ ҳифз гардида, пояҳои давлатдории миллӣ дар шароити ниҳоят мураккаб устувор гарданд. Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки истиқлолият неъмати бузург ва ҳамзамон масъулияти азим аст: «Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон неъмати бебаҳо буда, ҳифз ва таҳкими он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад».
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1994 қадами муҳим дар роҳи таҳкими Истиқлолият ва бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, инчунин дунявӣ гардид. Дар ташаккули давлати муосири миллӣ таҳия ва қабули Конститутсия аҳаммияти бузурги назариявӣ ва амалию сиёсиро касб намуд. Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми сарнавиштсоз дар роҳи бунёди давлатдории муосири тоҷикон, пайвастани он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини амнияти давлатӣ, субот, ваҳдат ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши барҷастаи таърихӣ дорад. Зеро дар он асосҳои бунёдии давлати муосири Тоҷикистон инъикоси арзишӣ ва меъёрии хешро пайдо намудаанд. Конститутсия принсипҳои асосии давлатдорӣ, тақсими ҳокимият, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро муайян намуд ва ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ пояи давлатдории муосирро устувор сохт. Аз тарафи дигар, маҳз Истиқлоли давлатӣ имкон дод, ки дар кишвар Конститутсияи нав мутобиқ ба ормонҳои миллӣ қабул карда шавад.
Давлатдории муосири миллӣ ва Конститутсияи Тоҷикистони соҳибихтиёр ба арзишҳо ва меъёрҳое такя мекунад, ки манфиатҳои миллӣ, ваҳдати ҷомеа ва рушди устуворро таъмин менамоянд. Пеш аз ҳама, соҳибихтиёрии сиёсӣ ба таъмини волоияти қонун, адолати иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон мусоидат намуд. Дар натиҷаи талошу заҳматҳои пайвастаи давлату Ҳукумат дар давраи соҳибихтиёрӣ Ваҳдати миллӣ – ҳамгироии иҷтимоӣ, таҳкими сулҳу субот ва фазои осудаи сиёсӣ ҳукмфармо гардид. Худшиносии миллӣ – эҳтиром ба таърих, забон ва фарҳанги миллӣ дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дода шуд. Воқеан, Истиқлолият барои рушди давлатдории миллӣ ва худшиносӣ аҳамияти калидӣ дорад. Дар шароити соҳибистиқлолӣ миллати тоҷик арзишҳои таърихӣ ва фарҳангии худро эҳё намуда, онҳоро ба унсури муҳимми сиёсати давлатӣ табдил дод. Забони давлатӣ, рамзҳои миллӣ, ҷашнҳои таърихӣ, анъанаҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва сиёсати фарҳангӣ маҳз дар давраи Истиқлол мақоми воқеии худро пайдо кард. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати ҳифзи арзишҳои таърихии миллиро дар раванди ҷаҳонишавӣ муҳим арзёбӣ намуда, тадбири заруриро саривақт пеш гирифтанд: «Мо давлатдории миллии худро бар пояи таҷрибаи таърихии халқамон, арзишҳои умумибашарӣ ва талаботи замони муосир бунёд карда истодаем». Ин нуқтаи назар нишон медиҳад, ки давлатдории муосири миллӣ танҳо идомаи суннатҳои таърихӣ набуда, балки мутобиқшавии онҳо ба воқеияти ҷаҳони муосир мебошад. Таҳкими худшиносии миллӣ яке аз омилҳои муҳимми ҳифзи Истиқлол ва рушди давлатдории муосири миллӣ аст. Ин назар дар суханронии Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид гардидааст: «Худшиносии миллӣ аз худогоҳӣ оғоз меёбад ва худогоҳӣ асоси пойдории давлату миллат аст». Ин унсурҳо дар маҷмуъ симои давлатдории муосири миллии Тоҷикистонро муайян намуда, заминаи рушди минбаъдаи кишварро фароҳам овард.
Яке аз вазифаи асосии давлатдории муосир таъмини амнияти миллӣ мебошад. Истиқлоли давлатӣ имкон дод, ки сиёсати мустақили амниятӣ таҳия гардида, паҳншавии таҳдидҳои муосир, аз қабили экстремизм, терроризм, радикализм, ҷинояткории фаромиллӣ ва хатарҳои иттилоотӣ пешгирӣ карда шавад. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар низоми амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ мавқеи муайян дорад ва манфиатҳои миллии худро ҳимоя мекунад.
Истиқлол ва давлатдории муосири миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамдигар пайванди ногусастанӣ доранд ва арзишҳои тақдирсоз ба ҳисоб мераванд. Нақши Пешвои миллат дар ин раванд ҳалкунанда буда, дар пойдории давлат, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори ҷомеа заминаи мустаҳкам фароҳам овардааст. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳифз ва таҳкими Истиқлоли давлатӣ вазифаи муқаддаси ҳокимият ва ҷамъият буда, танҳо дар такя бо ба худшиносии миллӣ, волоияти қонун ва масъулияти шаҳрвандӣ метавон давлатдории муосирро устувор нигоҳ дошт. Имрӯз бегазанд нигоҳ доштани мустақилияти давлат, якпорчагии миллат, эҳтироми арзишҳои миллӣ, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, эҳёи суннатҳои аҷдодӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ вазифаи муқаддаси ҳар як сокини кишвар аст.
Зилола Комилова
муаллими калони кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносии
Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии
Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»