​ФАРҲАНГ ҲАМЧУН УНСУРИ ТАШАККУЛДИҲАНДАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК​

Яке аз унсурҳои муҳими ташаккулёбии миллат дар баробари забони ягона, ҳудуди ягона, ҳокимияти сиёсии ягона ва дини ягона фарҳанг маҳсуб меёбад. Бо ба вуҷуд омадани ин панҷ унсур этнос, яъне халқ ташаккул меёбад. Лекин оғози ташаккулёбии ҳар як аз ин унсурҳои халқ метавонад дар марҳилаҳои гуногун сурат гирад. Дар мақолаи мазкур кӯшиш карда мешавад, ки саҳми фарҳанги тоҷик дар ташаккулёбии халқи тоҷик ва решаҳои таърихии он мавриди баррасӣ қарор гирад.

Бояд қайд намуд, ки этногенези халқи тоҷик дар ҳазорсолаи дуюми пеш аз мелод оғоз гардида, дар асрҳои IX-X, дар давраи ҳукмронии сулолаи Сомониён дар ҳудуди Хуросону Мовароуннаҳр ба анҷом расидааст. Ташаккулёбӣ ва шаклгирии фарҳанги миллии мо ҳоло аз замонҳои хеле қадими тоисломӣ оғоз гардидааст. Гароиши тоҷикон ба дини ислом аз нимаи дуюми асри VII оғоз гардида, маҳз дар давраи ҳукмронии Сомониён қисми асосии аҳолии кишвар мусулмон мегарданд. Албатта дини ислом ба фарҳанги миллии мо таъсир гузоштааст, лекин асоси он ҳоло дар замони тоисломӣ гузошта шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: «Ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикаму баъдан мусулмон». Ин суханони Роҳбари давлат мазмуни хело чуқур дорад ва мақсади асосии навиштани мақолаи мазкур низ аз ба таври илмӣ маънидод кардани он иборат аст.

Дар масъалаи маънои этноними тоҷик муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ таҳқиқотҳо бурда, фикрҳои гуногун иброз намудаанд. Мо ҳоло намехоҳем ҳар як таҳқиқотро вобаста ба этноними тоҷик мавриди баррасӣ қарор дода бошем, лекин натиҷаи таҳқиқоти олими рус Н. Хаников ба мо ҷолиби диққат аст. Н. Хаников қайд менамояд, чи тавре ки салиб барои пайравони насрония ва салла ё ин ки тюрбан барои мусулмонон ҳамчун нишонаи фарқкунанда хизмат мекунад, тоҷ барои пайравони Зардушт низ ҳамчун нишона ба ҳисоб мерафт. Муҳаққиқ қайд менамояд, ки ҳамаи китобҳои маросимии зардуштиён гуфтаҳои болоро тасдиқ менамоянд. Барои ҳамин ҳам калимаи «тоҷик» дар ватани аслии Зардушт – Бохтар, ки дар ин ҷо таълимоти ӯ хеле пеш аз он, ки дар самти ғарб ворид шавад, паҳн шуда буд, хеле паҳн аст.

Н. Хаников дар натиҷаи баррасии сарчашмаҳои хаттии чинӣ ба хулоса омадааст, ки фарқи калимаҳои «този» ва «тоҷик» он аст, ки ҳар дуи ин калимаҳо ҳоло аз замони Аршакиён ва Сосониён, яъне то ҳуҷуми арабҳои мусулмон вуҷуд дошта, калимаи аввал аз тарафи чиниҳо дар шакли «таши» ва калимаи дуюм дар шакли «тяочжи» транскрибсия шудааст. Олим қайд мекунад, ки агар калимаи «тоҷик» дар форсҳо, ба монанди «салибдор» ё ин ки «бану салиб» дар арабҳо, маънои мансубияти диниро дошта бошад, маълум аст, ки дар давраи аввали пойдоршавии ислом на онҳое, ки исломро қабул намуда буданд ва на онҳое, ки ба оташпарастӣ содиқ монда, ба таъқибот дучор шуда буданд, дар ин давра ҷуръат намекарданд, ки худро бо номе, ки барои ишғолгарон нафратангез буд, номида бошанд. Бо ҳамин набудани термини мазкур дар асарҳои муаллифони мусулмонии асрҳои аввали ҳиҷрӣ, дар вақте, ки ислом хеле пурқувват буд, маънидод карда мешавад. Лекин новобаста ба оне, ки дар давоми 14 аср байни тоҷикон дини ислом ҳукмрон аст, ин дин натавонистааст, ки дар байни тоҷикон пурра анъанаи парастиши оташро аз байн бурда бошад. Н. Хаников дар миёнаи асри XIX навишта буд, ки аз кадом тараф Шумо ба Хуросон ворид нашавед, хо аз Шимол (аз Мозандарон) ё ин ки аз Ғарб (аз Ироқ), Шуморо одате ба ҳайрат меоварад, ки дар ҳеҷ куҷои дигар во намехӯрад. Вақте ки ҳайати деҳот барои қабули сайёҳ мебарояд, яке аз аъзоёни он манқал бо ангишти сӯзон дар даст меояд (ҳам дар зимистон ва ҳам дар тобистон). Чи қадаре ки ба самти Шарқ ҳаракат кунед ин анъанаи қадима бештар мегардад.

Н. Хаников дар асоси таҳқиқоташ ба хулоса омадааст, ки калимаи «тоҷик» дар ибтидо ҳамчун термини ҷамъкунанда пайдо шуда, оташпарастони аввалинро (чӣ бохтариён ва чӣ дигаронро) ифода менамуд ва имрӯз аборигенҳои нажоди форс (тоҷикон – Ф. Ҳусайнӣ)-ро, ки новобаста ба зӯроварии бисёрасринаи аҷнабиён забон ва дигар нишонаҳои фарҳанги қадимаашонро нигоҳ дошта тавонистанд, ифода менамояд.

Муҳаққиқ А. Вамбери менависад: «Тоҷикон аз давраҳои қадимтарин аҳолии сершумор буда, фарҳанги тоисломии хешро густариш дода, ба дигар халқҳо бо тамаддуни худ нақши муассир бозидаанд». Муҳақкиқ Н. Павлов менависад: «Аз рӯи адолат бояд иқрор шавем, ки дар ҷаҳон чунин миллати фаъол ва беназир мисли тоҷикон кам аст, ки ба зарбаҳои бегонагон дучор омада, истодагарӣ намуда, боз аз сари нав эҳё шудаанд».

Ҷашнҳои аҷдодии мо – Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Сада таърихи куҳан доранд ва бесабаб нест, ки муаллифони асримиёнагӣ пайдоиши ин ҷашнҳоро бо номи қаҳрамонҳои асотирӣ алоқаманд кардаанд. Ҷашнҳои номбурда баъд аз ғалабаи ислом низ ҳамчун ҷашнҳои хусусияти дунявӣ дошта таҷлил мегардиданд ва имрӯз низ таҷлил мешаванд.

Бояд қайд намуд, ки соли 2009 дар кишварамон бо иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1310-солагии асосгузори мазҳаби ҳанафӣ, фарзанди халқи тоҷик – Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит бо шукуҳи хосса ҷашн гирифта шуд. Бояд таъкид намуд, ки мазҳаби ҳанафия мазҳаби таҳаммулгароӣ маҳсуб ёфта, имрӯз қариб 60% мусулмонони дунё аз он пайравӣ мекунанд. Муттаассифона баъзе хурофотпарастон оид ба ҷашн нагирифтани ин ё он ҷашн, ба монанди ҷашнҳои ниёгони мо – Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада, ки гӯё зидди шариати ислом бошад, фатво медиҳанд. Бояд таъкид намуд, ки дар мазҳаби ҳанафия урфу одатҳо ва маросимҳои мардумӣ, ки хилофи шариати ислом нестанд, иҷозат дода шудаанд.

Дар замони Истиқлоли давлатӣ бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китобҳои динӣ аз қабили «Тарҷумаи тафсири Табарӣ», «Ҳидоя»-и Бурҳониддин Абӯҳасан ибни Абӯбакр, «Саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ ва ғайра ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр шуданд. Мақсади асосии давлат аз дар сатҳи олӣ ҷашн гирифтани 1310-солагии Имоми Аъзам ва ба нашр расонидани китобҳои динӣ, ки дар асоси мазҳаби ҳанафӣ таълиф шудаанд, дар роҳи рост, эҳтиром ба фарҳанг ва анъанаи миллӣ, ҳифзи асолати миллӣ ва тарбият намудани ҳисси ватанпарастӣ иборат мебошад. Чи тавре, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: «...сабаби пайравони зиёд доштани мазҳаби ҳанафӣ дар ақлгароӣ ва таҳаммулгароии он буда, ба шароити ҳар давру замон, аз ҷумла ба замони муосир мутобиқат дорад ва инсонро ҳамчун беҳтарин мавҷуди офаридаи илоҳӣ дар мақоми бисёр баланд мегузорад».

Дар Тоҷикистон бо қарори Суди Олӣ 29 фаъолияти ҳизбу созмонҳо ҳамчун ҳизбу созмонҳои характери террористиву экстремистӣ дошта манъ карда шудааст. Аксарияти ҳизбу созмонҳои дар Тоҷикистон манъ шуда нисбати мазҳаби ҳанафӣ ва асосгузори он Имоми Аъзам назари манфӣ дошта, фарҳанг ва ақидаҳои барои мо тоҷикон бегонаро тарғиб менамоянд.

Бояд қайд намуд, ки дар ташаккулёбии фарҳанги миллӣ омили ҷуғрофӣ, яъне иқлими маҳал калон аст, ки он бе шак ба вазъи иқтисодӣ таъсири мерасонад. Иқтисодиёт низ дар навбати худ ба ташаккулёбии фарҳанг таъсири муассир мерасонад. Мо ҳеҷ гоҳ фарҳанги мардуме, ки дар минтақаи биёбон, тафсон ва камбориш, ки ташаккулёбиаш ҳоло дар давраи тоисломӣ оғоз шудааст, қабул карда наметавонем. Дар таърихи инсоният мардумони кӯчманчӣ бо фарҳанги хоси худ дар он ҳудудҳои олам ташаккул ёфтанд, ки дар он ҷо, махсусан дар замонҳои гузашта, имконияти кишоварзӣ мавҷуд набуд.

Бояд қайд намуд, ки оғози фарҳанги инсоният гузариш ба кишоварзӣ маҳсуб меёбад. Тарҷумаи калимаи фарҳанг ба бисёрии забонҳо чунон тарҷума мешавад, ки асоси он калимаи лотинии cultura буда, маънои аслиаш коркарди замин мебошад. Барои ҳамин ҳам зарур ҳисобидем мисол орем, ки бо кишоварзӣ алоқамандӣ дошта бошад. Дар минтақаи доманакуҳ ва куҳистон мардуми кишоварз асосан бо кишти ғалла машғул мешаванд ва хӯрокҳои анъанавии онҳо низ аз ин зироат ва аз шир мебошад. Шоликорӣ, ки барои парвариши он оби зиёд лозим аст, одатан дар соҳили дарёҳо ба роҳ монда мешавад. Магар мардуме, ки дар доманакуҳ сукунат дорад ва бо кишти ғалла дар заминҳои лалмӣ машғул аст, мо метавонем маҷбур намоем, ки бо шоликорӣ машғул шаванд? Албатта не. Фарҳанги миллӣ низ аз шуғли офарандаи он вобастагии зиёд дорад.

Дар асрҳои миёна дар Хуросону Мовароуннаҳр масҷиду мадрасаҳои зиёд сохта шуданд, ки қисми онҳо хушбахтона то ба рӯзҳои мо омада расидаанд. Гарчанде онҳо дар замони исломӣ сохта шудаанд, лекин бо тарҳи меъморӣ ва ороишоти хос ба миллати мо офарида шудаанд, ки аз масҷиду мадрасаҳои дигар минтақаҳои олами ислом фарқ мекунанд. Омили асосии фарқияти онҳо ҳамонеанд, ки дар боло ишора рафт.

Ҳамин тариқ, гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикаму баъдан мусулмон» маънии чуқур дошта, метавон гуфт, ки бо фарҳанги қадимаи миллатамон алоқаманд ҳаст. Мо тоҷикон, ки барандаи фарҳанги қадима ҳастем, албатта бо он ифтихор менамоем ва барои рушди он бояд саҳмгузор ҳам бошем.

Ҳусайнӣ Фаррух Раҳимзода,

номзади илмҳои таърих, дотсент, мудири кафедраи

археология, этнография ва диншиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ