КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: МОҲИЯТ, НАҚШ ВА АРЗИШИ ҲУҚУҚИИ ОН
Таҳти мафҳуми «конститутсия» дар илми ҳуқуқшиносӣ одатан Қонуни асосии давлат фаҳмида мешавад, ки дар он мувофиқи иродаю манфиати қувваҳои сиёсии дар ҷамъият ҳукмрон асосҳои сохтори марзӣ – давлатӣ ва ҷамъиятӣ муқаррар карда шудааст. Агар аз ҷиҳати луғавӣ бигирем, конститутсия аз калимаи лотинӣ «constitutio» гирифта шуда, маънояш «муқарраркунӣ», «сохтор» мебошад. Мафҳуми конститутсия дар вақти ба амал омадани инқилобҳои буржуазӣ ба миён омадааст. Конститутсия ҳуҷҷати таърихӣ ва сиёсӣ-ҳуқуқӣ буда, танзимкунандаи муносибатҳои муҳимми давлатӣ ва ҷамъиятӣ мебошад. Бояд тазаккур дод, ки Конститутсия ҳуҷҷати одӣ набуда, ҳуҷҷати муҳимми созишиест, ки дар он манфиати тарафҳо ба қадри зарурӣ инъикос ёфтааст. Тағйирёбии манфиати қувваҳои дар ҳокимиятдорӣ иштирок дошта вобаста ба мавқеи онҳо дар таркиби ҷамъият, ба тағйирёбӣ ва ба дигаргуншавии конститутсия сабаб мегардад. Яъне нафақат пайдоиш, балки мавҷудият ва инкишофи Конститутсия низ ба созиши қувваҳои иҷтимоӣ-сиёсии ҷамъият алоқаманд аст. Устувории Конститутсия бо пойдории муносибатҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ, динӣ ва ғайра, ки дар марҳалаи муайян дар ҷамъият амал мекунанд, вобаста аст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади олии ҳуқуқӣ ва сиёсиест, ки асоси сохтори давлатдорӣ, низоми идоракунӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро муайян мекунад. Он чун рамзи истиқлолияти миллӣ ва кафили волоияти қонун дар ҷомеа хизмат менамояд. Қабули Конститутсия 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ як рӯйдоди тақдирсоз дар таърихи давлатдории навини тоҷикон буд. Ин санад заминаи ҳуқуқӣ ва сиёсиро барои ташаккули давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёд фароҳам овард. Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ ва ба даст овардани истиқлолият дар соли 1991, зарурати ташкили қонунҳои миллии мустақил ба миён омад. Давлати ҷавони Тоҷикистон дар шароити сиёсиву иҷтимоии мураккаб қарор дошт. Аз ин рӯ, таҳияи Конститутсияи миллӣ ҳамчун санади асосии давлат муҳимтарин масъала гардид. Комиссияи конститутсионӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарҳро омода карда, баъд аз муҳокимаи васеи мардумӣ 6 ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Аз ҳамин сана то имрӯз 6 ноябр ҳамчун Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Дар пешгуфтори Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: «Халқи Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро эълон менамояд.» Ин санади тақдирсоз ҳуқуқи шаҳрвандонро ба зиндагӣ, ба меҳнат, ҳифзи саломатӣ, таҳсил, нафақа, истироҳату моликият, пайравӣ намудан ба дину мазҳабҳои гуногун ва ҳизбҳои сиёсӣ кафолат медиҳад. Маҳз бо шарофати қабули Конститутсия мардуми кишвар бахти хешро ёфтанд ва дар роҳи расидан ба мақсадҳои олии худ қадам гузоштанд. Ҳамаи ин халқи баору номуси ватанро водор месозад, ки санади таърихӣ ва муқаддасро эҳтиром намоем ва барои риояи қонунҳову адолати иҷтимоӣ кӯшиш намоем. Конститутсия на танҳо қонуни асосии давлат, балки меъёри олитарини низоми ҳуқуқии кишвар мебошад. Он сохтори сиёсии давлат, принсипҳои фаъолияти ҳокимият, ҳамкории байни мақомоти давлатӣ, инчунин ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандонро муқаррар мекунад. Моддаи 1-и Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ эълон мекунад. Ин меъёр хусусияти ҳукуматдорӣ ва арзишҳои умумимиллӣ ва умумибашариро таҷассум менамояд. Дар моддаҳои дигар принсипҳои волоияти қонун, тақсимоти ҳокимият ба се шоха — қонунгузор, иҷроия ва судӣ, ҳамчунин ҳуқуқҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳрвандон баён гардидаанд. Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 боб ва 100 модда иборат аст. Он тамоми соҳаҳои ҳаёти давлатро фаро мегирад. Боби якум ба асосҳои сохтори конститутсионӣ бахшида шуда, вазифаи давлат ва шаҳрвандро муайян мекунад.
Бобҳои минбаъда масъалаҳои зеринро дар бар мегиранд:
- ҳуқуқ, озодӣ ва уҳдадориҳои инсон ва шаҳрванд;
- мақомоти олии давлатӣ – Маҷлиси Олӣ ва Президент;
- ҳукумати иҷроия ва мақомоти маҳаллӣ;
- суди конститутсионӣ ва низоми адлия;
- тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия.
Сохтори возеҳ ва мазмуни мукаммал имкон медиҳад, ки Конститутсия на танҳо ҳуҷҷати ҳуқуқӣ, балки санади сиёсӣ ва иҷтимоии ягона бошад. Барои мутобиқсозӣ ба талаботи замон, ба Конститутсия то имрӯз чанд маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд – солҳои 1999, 2003, 2016. Тағйиротҳо ба таҳкими пояи давлатдорӣ, густариши ҳокимияти халқ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ нигаронда шудаанд. Масалан, соли 1999 институтҳои демократӣ, монанди дуҳокимиятии парлумонӣ (Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон) таъсис ёфтанд. Тағйироти соли 2016 бошад, институтҳои давлатиро бештар устувор намуд ва заминаи ҳуқуқии рушди минбаъдаи кишварро таҳким бахшид.
Конститутсия меъёри олиест, ки ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро ҳамчун арзиши олӣ эътироф мекунад. Моддаи 5-и он зикр мекунад: «Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷониби давлат эътироф, риоя ва ҳифз карда мешаванд».
Ин нукта шаҳодат медиҳад, ки дар маркази сиёсати давлат шахсият ва озодии инсон қарор дорад. Ҳамин аст, ки Тоҷикистон узви фаъоли созмонҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон буда, қонунгузории худро бо санадҳои байналмилалӣ мутобиқ месозад.
Хулоса, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо санади ҳуқуқӣ, балки рамзи ваҳдати миллӣ, соҳибихтиёрӣ ва ҳувияти давлатӣ мебошад. Он роҳнамои асосӣ дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва адолатпарвар аст. Маҳз тавассути риоя ва татбиқи пурраи меъёрҳои он метавон рушди устувори сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро таъмин намуд. Конститутсия барои ҳар як шаҳрванд на танҳо ҳуҷҷати қонунӣ, балки манбаи ифтихор, ватандорӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ мебошад.
Сарвиноз Ҷӯраева,
доктори илми филология, дотсенти кафедраи забон ва адабиёти
тоҷики факултети забонҳои шарқи Муассисаи давлатии таълимии
«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»