МАОРИФ САРЧАШМАИ ФАРҲАНГ
Маориф яке аз омили муҳимтарини муайянкунандаи некӯаҳволии миллат, ташаккулдиҳандаи рушди ҷомеа мебошад, зеро он дар ҳалли масоиле, ки дар раванди амалисозии тамоюли асосии чаҳонишавӣ пайдо мегарданд, мусоидат менамояд.
Дар ҳама давру замон посдори фарҳанги миллат маориф аст, ҳар миллате, ки такъя ба маориф мекунад, на танҳо имрӯзи худ, балки ояндаи насли худро месозад. Давлатҳое, ки ба соҳаи маориф диққати алоҳидаро зоҳир намудаанд, ба қуллаҳои тараққиёт расидаанд.
Имрӯз, ки Тоҷикистон ба ҷаҳони муосир ҳамгироии худро бештару беҳтар васеъ намуда истодааст, таҳкими низоми маорифро муҳимтарин омили расидан ба ҳадафҳои миллӣ меҳисобад. Ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат далели равшани он аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маориф дар меҳвари сиёсати давлат қарор дошта, ҳамчун соҳаи афзалиятноки сиёсати давлатӣ эътироф гардидааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ соҳаи маорифро заминаи асосии инкишофи давлату миллат ҳисобида, таъкид намудаанд, ки рушди маориф танҳо вазифаи давлатӣ нест, балки як масъулияти умумимиллӣ мебошад. «То вақте, ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наорад, миллат дастнигар ва хору зор мемонад». Ин нукта аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳар як фарди ҷомеа дар ин раванд саҳмгузор бошад, зеро пешрафти миллат аз донишу маърифати мардумаш вобастагӣ дорад.
Аз ин лиҳоз, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду нумӯи соҳаи маориф таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир намуданд. Таҳлили фаъолияти соҳаи маориф аз ҷониби Сарвари давлат дар Паём ба Маҷлиси Олии кишвар аз 28-уми декабри соли 2024 шаҳодати чунин таваҷҷуҳ мебошад. Тибқи таҳлили мазкур давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта ба истифода дода шуд. Агар соли 1991 дар Тоҷикистон 3239 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо 1,3 миллион хонанда фаъолият дошта бошад, пас имрӯз 4037 муассиса, аз ҷумла 170 литсею гимназия, яъне муассисаҳои таълимии типи нав фаъолият менамояд.
Инчунин дар Паём қайд гардид, ки соли 1991 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекард. Холо шумораи ин муассисаҳо ба 48 ва донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 214 ҳазор нафар расидааст. Дастовардҳои дигар дар он зоҳир мегарданд, ки имрӯз дар мамлакат 65 литсейи касбҳои техникӣ, яъне муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо 23 500 хонанда ва курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ бо фарогирии 12 ҳазор хонанда, инчунин 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ-коллеҷҳо бо 106 ҳазор донишҷӯ фаъолият доранд. Мисоли дигар он аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 117 ҳазор ҷавонони боистеъдоди мамлакат барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи 42 давлати пешрафтаи ҷаҳон фиристода шудаанд.
Имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони мо дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 фоизи онҳо духтарон мебошанд.
Бояд тазаккур дод, ки дар шароити кунунӣ, ки ҷаҳон бо суръати баланд рушд мекунад, низоми маориф бояд ба талаботи замон ҷавобгӯ бошад. Зеро, тавре доктори илмҳои фалсафа, профессор О.Хоҷамуродов дар мақолаи худ «Маориф - ҷузъи таркибии фарҳанги миллӣ (гузориши масъала)» қайд менамояд «…агар маорифи миллӣ доимо таҷдид нагардад, он ҷомеа оянда надорад. Манзур на танҳо рукуди дониш, ки бояд донишомӯз онро фаро гирад, балки рукуд дар меъёрҳои иҷтимоӣ-фарҳангии амалу тафаккур аст, ки ҷомеаро ба вартаи нестӣ мекашад. Вале, аз тарафи дигар, кӯшишҳои навсозии (модернсозии) низоми маорифи кишвар бо истифода аз дастовардҳои инноватсионие, ки бо сохти фарҳангии ҷомеа ва шароити иқтисодии кишвар мутобиқ сохта нашудааст, боиси ноустуворӣ ва харобии фарҳанги он ҷомеа мегардад ва насл бидуни хотираи таърихӣ ва ифтихори миллӣ ба воя мерасанд».
Муаллиф дар ин ҷо гузаштан ба низоми кредитии макотиби олиро дар назар дорад, ки тибқи он таваҷҷуҳи асосӣ ба фанҳои ихтисосӣ дода мешавад ва ба фанҳои гуманитарӣ, ки ташаккулдиҳандаи ҷаҳонбинӣ ва ҳуввияти милливу фарҳангии шахс аст, таваҷҷуҳи кам зоҳир гардидааст. Ҳол он, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон борҳо таъкид менамоянд, ки «ифтихори ватандорӣ аз донистани забон, таърих ва фарҳанги Ватан ибтидо мегирад» (Эмомалӣ Раҳмон. Фарҳанг ҳастии миллат, Душанбе, 2001).
Аз ин лиҳоз, хуб мебуд дар макотибҳои таҳсилоти миёнаву олӣ ба фанҳои гуманитарӣ диққати алоҳида зоҳир намуда, ба тадриси фанҳои мазкур соатҳои бештар ҷудо карда шаванд, то ҷавонон забони модарии худ, забонҳои хориҷиро хубтар омӯзанд, аз таъриху фарҳанги ҳазорсолаи худ бештар огаҳӣ дошта бошанд.
Инчунин, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш таъкид намудаанд, ки «вобаста ба равандҳои ҷаҳонишавӣ ва шиддат гирифтани муборизаи иттилоотӣ, ҳамчунин воридшавии мафкураи бегона … таҳқиқу таблиғи масъалаҳои худшиносӣ, ҳифзи арзишҳои миллии таърихиву фарҳангӣ…» таваҷҷуҳи бештарро тақозо мекунад.
Дар урфият мегӯянд, забон донӣ, ҷаҳон донӣ. Донистани забону таъриху фарҳанг боиси зиёд гардидани ҷаҳонбинии ҳар фард гашта, ҳисси худшиносии миллиро бештару пурқувват мегардонад.
Тавре Пешвои миллат борҳо таъкид менамоянд, омӯзиши забонҳои хориҷӣ бояд аз зинаи томактабӣ оғоз шавад, то ки насли оянда тавонад дар ҷаҳони рӯзафзун рақобатпазир бошад ва дар таҳкими мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ нақши сазовор гузорад.
Ҷомеаи имрӯза ба мутахассисони касбӣ ва ҳаматарафа инкишофёфтаву ояндасоз ниёз дорад. Хуб медонем, ки илму маориф заминагузори рушди ояндаи давлату миллат аст ва ҳамаи пешравию пирӯзиҳои миллат аз мактабу маориф сарчашма мегирад. Аз ин лиҳоз, рушди соҳаи маориф на танҳо масоили мубрами давлатӣ, балки умумимиллӣ мебошад ва дар ин раванд бояд тамоми табақаҳои ҷомеа бетараф набошанд.
Ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз 2 августи соли 2011 тақозо менамояд, ки дар таълиму тарбия дар сафи пеш бояд волидон қарор дошта, дар раванди таълиму тарбия мусоидат намоянд. Онҳо бояд ба таҳсилоти фарзандони худ диққати махсус зоҳир намуда, барои омӯзиш ба онҳо шароити мусоид фароҳам оваранд. Инчунин онҳоро ба омӯхтани илму дониш раҳнамун сохта, онҳоро дар руҳияи эҳтиром ба худ ва атрофиён, оила, урфу одат, анъанаҳо ва фарҳанги миллӣ, дӯстдории Ватан тарбия намоянд.
Мо – омӯзгорон, ҳамчун нерӯи ҳаракатдиҳандаи низоми маориф ба донишандӯзии насли наврас диққати алоҳида зоҳир намуда, ҳар як дақиқаи соатҳои тадрисии худро самаранок истифода бурда, мазмуну муҳтавои мавзуъҳои фанниро бо истифодаи техникаи муосир амиқан ва дуруст пешниҳоди онҳо намоем, то чун мутахассиси соҳибкасб дар соҳаҳои мухталиф кору фаъолият намоянд. Барои ин омӯзгор бояд худ бо замона ҳамқадам бошад, донишҳои худро ҳаматарафа такмил диҳад ва дӯстдори касби худ бошад.
Мавзуна Акилова,
омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносии
Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии
Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»