Шиносоии донишҷӯёни хориҷӣ бо дастурамали либосҳои тавсиявӣ ба донишгоҳ

Бо мақсади рушди муносибатҳои дӯстонаи халқҳои тоҷику ӯзбек дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров вохӯрӣ бо донишҷӯёни аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳсил дошта, ташкил ва баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур муовини ректор оид ба тарбия Аюбҷон Усмонов ва масъулин аз раёсати донишгоҳ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар вохӯрӣ маърӯзачиён оид ба таърихи дӯстонаи миллатҳои тоҷику ӯзбек, саҳми арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Мирзиёев Шавкат Мирамонович дар барқарор гардидани муносибатҳои дӯстонаи ин ду миллат ёдовар шуда, иброз доштанд, ки ҷавонон дар вақти таҳсил метавонанд боз ҳам барои мустаҳкам гардидани муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Ӯзбекситон саҳми арзандаи хешро гузошта бошанд.

Дар қисмати дигари чорабинии мазкур Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор дода шуд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ