Сабабҳои гаравиши ҷавонон ба тамоюлҳои номатлуб

Исмоилова М., устоди ДДХ

Дар зарфи солҳои истиқлолиятӣ давлатӣ, ҳукумати мамлакат баҳри баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбия, касбу илмомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, воқиф будан аз технологияҳои муосир тамоми тадбирҳоро амалӣ намуда, заминаи мусоид фароҳам оварда истодааст, зеро ҷавонони ободгари Ватан, соҳибони ояндаи Тоҷикистони мустаҷилу демократӣ ва такягоҳӣ боэътимоди давлати соҳибистиқлол мебошанд.

Аммо яке аз мушкилотиимрӯза тамоюл ва гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоист. Боиси таасуф аст, ки бархе аз ҷавонони тоҷик ба ин гурӯҳҳои ифротгароӣ шомил шуда, ҷони ҷавони худро қурбон мекунанд. Аз ин хотир баҳри пешгирии ҷавонон аз шомил шудан ба гурӯҳҳои ифротгаро бояд падару модарон низ дар канор набошанд.

Ҷавонон қувваи бузург ҳастанд ва ҳар миллат дар ҳар давру замон аз ҷавонони худ умеди ояндаи нек мекунад. Аз ин рӯ, онҳо дар кадом муҳите, ки ба воя расанд, мувофиқи он дар ҷомеъа амал мекунанд. Ин аст, ки бояд ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва ҳисси баланди миллӣ тарбия ёбанд. Имрӯз масъалаи тарбияи ҷавонон дар мадди назари ҳукумати кишвар қарор дорад. Агар шахсони синнашон аз 15 то 35-ро ин ҷо ба назар гирем, мутаассифона, ба чашм мерасад, ки иддае аз онҳо аз мактабу донишгоҳ ва фаъолияти ичтимоӣ дилсард гашта, аз оилаву фарзандон ва таҳсилу такмили ихтисос дурмондаанд.

Агар ҷавонон дониши босифат нагиранд ва ҷои кори муносибе барои тадбиқи илмии худ дар Ватан пайдо карда натавонанд, эҳтимолияти аз дилшикастагӣ шомил шуданашон ба гуруҳои тундрав дур нест. Дар ин ҳолат ин гуна афрод барои ҷомеа ба як хатари мудҳиш табдил мешаванд.

Мушкилиҳои ҷавонон то ҳол хеле зиёданд. Сар карда аз он, ки устодони мактабу донишгоҳо бояд ба сифати омӯзиш аҳамияти ҷиддӣ диҳанд ва ҷавононро ҳамчун мутахассисони варзида ба воя расонанд. Баъдан чун онҳо мувофиқи касби худ корҳои мувофиқе ёбанд, дар ин маврид ба корҳои ношоиста даст намезананд.

Албата, дар ҳама кишварҳо имконияти дониши босифат гирифтан ва кори хуб ёфтан барои ҷавонон фарқ мекунад ва агар ҷамияти имрӯзаи мо чунин имкониятҳои заруриро барои ҷавонон муҳайё карда бошанд ҳам, аммо худ онро бояд биёбем ё бисозем. Яъне агар иконият ба сӯи мо наояд, мо ба сӯи имконият ҳаракат бикунем.

Гарчанде, ки ҷавонон қувваи бузург шуда метавонанд, вале қувваро танҳо дар ягонагӣ ва ҳамроҳ будан пайдо кардан мумкин аст. Бинобар ин андешаву хулосаҳо моро водор мекунад ,ки бо ҳамкориву ҳамоҳангсозӣ фаъолиятҳои ниҳодҳои давлатӣ ва ғайридавлатиро ба хотири беҳбудии вазъи ҷавонони имрӯз, ки фардои миллат аз онҳо вобастагӣ дорад, рушд диҳем. Таълиму тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи меҳанпарварӣ, илму фарҳангдустӣ ва арзишҳои демократӣ бояд дар Ҳукумат ва ҷомеъа мавқеи авалиндараҷа дошта бошад.

Сабабҳои шомил шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро хело зиёданд. Ба ин масъалаи доғи рӯз агар аз назари геополитикӣ назарнамоем Тоҷикистон кишварест, ки дар қалби Осиёи Марказӣ ҷойгир шудааст ва дар марзи азимтарин тамаддунҳои дунё қарор дорад.

Аз ин хотир табиист, ки ҳар кадом аз давлатҳои абарқудрат саъй хоҳад кард, то манфиатҳои сиёсӣ ва арзишҳои идеологии худро дар давлати навбунёди мо пайгирӣ намояд.

Бо вуҷуди раҳои аз бунбасти коммуникатсионӣ ва дастёбӣ ба шабакаи иттилоотии ҷаҳони муосир, аксари ҷавонони соддаву зудбовар, хабар надоранд, ки роҳбарон паси пардагии ҳизбҳои гумроҳкунанда кистанд, онҳо чӣ ҳадафҳоро дунбол мекунанд, ки маҳз истифодаи телефонҳои мобилӣ ва интернет яке аз сабабҳои шомилшавӣ ба ин гурӯҳҳо мебошад.

Имрӯзпадару модарон бояд ба ин гуна зуҳуроти нангин мубориза баранд ва фарзандони худро дар руҳияи худогоҳии миллӣ ва худшиносӣ тарбия намоянд. Ҳар як фарзанди барӯманд бояд ба қадри Ватан - Модар бирасанд ва арзишҳои миллии мардуми тоҷикро ҳифз намоянд.

Ҳар як падару модар бояд бохабар бошанд, ки он фарзандоне, ки имрӯз дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ҳастанд, чи гуна шароити буду бош доранд ва аз онҳо зиёд талаби пулу мол накунанд, зеро ин омил ҷавононро маҷбур месозад, ки даст ба кирдорҳои ношоиста зананд.

Мо аҳли ҷомеа ин зуҳуроти нангинро агар маҳкум накунем фардо теъдоди ҷавонони гумроҳ ба ин ҳизбу ҳаракатҳо зиёд хоҳад шуд.

Имрӯз давлат ва ҳукумати ҷумҳурӣ тамоми тадбирҳои судмандро барои аз байн бурдани ин омилҳои номатлуб андешида истодааст. Асосгузори сулҳу ваҳдат - Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми мулоқоту вохӯриҳояшон ба сиёсати давлатии ҷавонон ва фаъолияти бевоситаи онҳо рӯй оварда, даъват ба амал меоранд, ки ҷавонон бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва фирефтаи ваъдаҳои холиву ҳавасмандии моливу пулии “хоҷагони хориҷӣ” нагарданд.

Сатҳи пасти маърифатнокии ҷавонон ва мавҷуд набудани низоми тарбияи ахлоқи миёни насли наврас, надоштани маърифати кофии шуури сиёсӣ, маданияти сиёсӣ боиси падидор шудани зуҳуроти номатлуб дар байни қишри ҷавон мегардад. Камназоратии волидайн нисбати фарзандон вабеаҳамиятии онҳо сабаби пастравии савияи дониши ҷавонон гардида истодааст, ки имрӯз ҷавонони мо гумроҳи ин гуна ҷараёнҳои террористиву экстримистӣ шуда истодаанд.

Вобаста ба пешгирии ҳолатҳои терроризм ва экстремизм дар байни ҷавонон, аз ҷумла шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва мубориза бар зидди ҳурофотпарастиву ифротгароӣ, ҳамзамон тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи созандагию бунёдкорӣ ва тарғиби идеологияи солим дар байни ҷавонон самти афзалиятноки фаъолияти ҳар якташкилоту муассисаи таълимӣ ва падару модарон бояд қарор бигирад.

Дар ин замина баҳри татбиқи чораҳои мақсадноки ҳадафманд, нақша-чорабиниҳои муштарак бо вазорати корҳои дохилӣ, маориф ва илм, кумитаи кор бо дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, телевизион ва радио гузаронида шаванд.

Барои пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба ин гурӯҳҳои ифротгаро ҷавонони мо бояд пеш аз ҳамамаърифати созанда дошта бошанд ва на маърифати сӯзанда, бояд ҳар як фарди дилогоҳу ватандӯст, ҳар кадоми мо даст ба дасти ҳам диҳем ва дастаҷамъӣ ҷавонони азизамонро аз ҷодаи торикӣ, гумроҳӣ то шоҳроҳи мунаввари ваҳдат ҳамроҳӣ намоем.

Дар ин замина таблиғи дастурамалҳо оид ба шинохти моҳияти ингуна ташкилотҳо, сӯҳбатҳои доимии мову шумо тавассути расонаҳои хабарӣ ва мулоқоти онҳо бо намояндагони насли наврас бенатиҷа нахоҳад буд.

Адабиёт:

  • Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ дар соли 2017
  • Тоатов Ҳ. Терроризм ва экстримизм – падидаҳои номатлуб. Хуҷанд: “Меъроҷ, 2017
  • Камолова М.Р. Экстремизм ва терроризм: мушкилот ва дурнамои мубориза бо онҳо //http://mts.tj/index.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ