Таҷлили Наврӯз дар китобхонаи донишгоҳ

Дар Китобхонаи марказии МДТ "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров" чорабинии бошукӯҳ бахшида ба Наврӯзи Аҷам баргузор гардид.

Шоира Гулноз оид ба ин ҷашни аҷдодӣ сухан ронда, изҳор намуд, ки Наврӯз ҷашни талқинкунандаи покиву покизакорӣ, осудагиву накӯкориро дар ҳама давру замон буда, мардумро ба созандагиву бунёдкориҳо даъват мекунад. Таҷаллии пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек маҳз дар талъати Наврӯз ҳувайдо мегардад.

Сипас, аз ҷониби донишҷӯён барномаи фарҳангӣ пешкаш гардид, ки ба чорабинӣ ҷилои тозае бахшид.
Таҷлилу истиқболи сазовору хотирмони ин ҷашни аҷдодӣ – Наврӯзи аҷам собит месозад, ки мардум дар ҳамдиливу ҳамбастагӣ ва дӯстиву рафоқат зистанро аз ҳама ганҷи дунё болотару волотар мешуморад ва шод будану шод зистанро марому мақсади худ қарор дода, пирӯзии нурро бар зулмот, гармиро ба сардӣ, некиро ба бадӣ ҳамарӯза шоиста истиқбол мегирад.

Васфи гул дар чамани Наврӯз аст,

Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст!

Дилфузахон Қаюмова - аъзои маҳфили "Нерӯи сухан"

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ