Изҳорот ба бозгашти аъзои гурўҳи 24 Шарофиддин Гадоев

Солҳои охир хоҷаҳои исломии навбаромади кишварҳои нимҷазираи Арабистон (хилофатпараст) диққати тамоми мамлакатҳои оламро ба худ ҷалб намудааст. Намояндагони зархарид ҷавононро, гўё ба ҳимояи ислом ва ташкил кардани хилофати ягонаи мусулмонӣ даъват карда истодаанд. Ташкил кардани чунин хилофатро, ки дар сиёсати имрўзаи исломиашон бо номи ДИИШ муаррифӣ мекунанд ва асосаш қатлу куштори ваҳшиёнаи кўдакону занон, ҷавонону пиронсолон мебошад бо роҳи зўроварӣ ва даҳшатфиканӣ амалӣ карданианд. Мутаассифона, нафарони манфиатдор ҳам ҳастанд, ки дар зери ниқоби ислом ҳизбу гурӯҳу созмонҳои ғайридавлатӣ таъсис додаву, пайваста ҷавононро дар зери ниқоби дини мубини ислом дар рўҳияи террористиву ифротгароӣ омода намуда, озими давлатҳои ҷангзада кардаанд.

Яке аз чунин чеҳраҳое, ки аз тарафи нохалафон гумроҳ шуда буд Гадоев Шарофиддин мебошад. Номбурда аз соли 2012 дар кофтуков қарор дошт. Шарофиддин Гадоев узви «Гурӯҳи 24» буда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ шадидан аз сиёсати пешгирифтаи ҳукумати ҷумҳурӣ ва сарвари давлатамон интиқод мекард. Муттаассифона, ў аъзои гурўҳи ифротгару ҷудоихоҳ гардида, байни мардуми мо, алалхусус ҷавонон бо мақсади гумроҳ намудани онҳо андешаҳои нопокро паҳн менамуд.

Хушбахтона, Гадоев Ш. хатогии худро дарк намуда, шарафмандона ба Ватан баргаштааст. Алҳол ў дар Фархор, зодгоҳи худ қарор дорад. Ӯ ба сомонаҳои «Спутник», РИА «Новости», мусоҳиба дода, иқрор шуд, ки довталабона ва бо ихтиёри худ ба Ватан баргаштааст. Ҳамин тариқ, шаҳрвандони гумроҳзадаи мо ба монанди Сатторов Айёмиддин, Саид Иброҳими Назар, Баротов Раҳматулло ва даҳҳо нафари дигар рўз аз рўз аз амалҳои зиддидавлатии худ пушаймон шуда, ба Ватан баргашта истодаанд, ки ин амал албатта боиси таҳсин мебошад.

Фармонова Д.Ҷ. дотсенти кафедраи

умумидонишгоҳии таърихи халқи тоҷик

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ