​Муаррифии барномаи стипендияии институти “Ҷамъияти кушода” Бунёди мадад - Тоҷикистон

Дар МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” муаррифии Барномаи Стипендияӣ дар соҳаи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар соли 2019 -2020 аз тарафи намондаи Институти “Ҷамъияти Кушода” Бунёди Мадад - Тоҷикистон Манучаҳр Камолиддинов бо ҷалби 70 унвонҷӯ, докоторант ва омӯзгорони ҷавонбаргузор гардид.

Муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии донишгоҳ Абдуҳафиз Азизов чорабиниро оғоз бахшида, баён намуд, ки устодони донишгоҳ пайваста дар семинару машваратҳои Институти «Ҷамъияти Кушода» Бунёди мадад дар Тоҷикистон фаъолона ширкат меварзад.

Баъдан, Манучеҳр Камодиддинов дар бораи роҳҳоигирифтани Стипендия, навиштани лоиҳа, мақсаду мароми он сухан ронда,қайд намуд, ки муҳлати лоиҳаҳо аз 2 то 12 моҳ ( аз 1 сентябри соли 2019 то 31 августи соли 2020) буда, ҳаҷми баландтарини маблағи дархостшаванда - $15,000 доллари ИМАро ташкил медиҳад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ