Маҳфили “Ганҷи сухан”ва қадршиносии аҳли адаб

Дирӯз дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров нишасти169-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан”, баргузор гардид, ки дар он фаъолияти маҳфил дар соли 2018 ҷамъбаст шуд. Роҳбари маҳфил адабиётшинос Саидумрон Саидов зикр кард, кисоли 2018 11 нишасти маҳфили “Ганҷи сухан” аз нишасти 158 то 168 дар сатҳи баланд баргузор гардид, ки онросилсилаи маърӯзаҳои илмӣ, суханрониҳо, шеърхониҳо, баҳсҳои илмиву адабӣ, ахбороти тозаи фарҳангӣ, монтажҳои адабӣ ва суруду оҳангҳои миллӣ ташкил намуд. Дар нишастҳои маҳфил 14 суханронии намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва маҳалҳо, адибон олимон, 30 маърӯзаи илми олимону донишмандон, 22 шеърхонии адибон, 9 навгонии илмиву адабӣ, ки дар онҳо бештар аз 200 номгӯй китоб муаррифӣ гардид, 25 муҳокимаҳои илмиву адабӣ, 3 монтажи адабӣ аз ҷониби донишҷӯён ва мактабиён, 25 суруди дилнишин аз ҷониби сарояндагони кишвар шунида шуд. Ҳамзамон дар партави “Ганҷи сухан” як маҳфили бонуфуз таҳти унвони “Аз Рӯдакӣ то Фарзона”, перомуни рӯзгор ва осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва конфронси илмиву адабӣ бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти донишманди маъруфи тоҷик Абдулманнони Насриддинбо иштирокидонишмандони маъруфи кишвар баргузор шуд. Ӯ афзуд, ки аз дастовардҳои муҳими аҳли маҳфил дар соли 2018 нашриҷилди шашуми китоби “Армуғони “Ганҷи сухан” мебошад. Китоби мазкур бештар аз 600 саҳифа буда , аз мақолоти олимону донишмандон ва ашъори суханварони муосири тоҷик иборат буда, бо дастгирии Раёсати донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров рӯи чопро дид.

Дар идомаи маҳфил намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода баромад карда, оид ба мақоми маҳфил дар рушди худшиносии миллӣ, рушди маънавияти ҷомеа ва тарбияи насли наврас изҳори назар намуд. Ӯ гуфт,ки маҳфил дар мавориди тавзеҳу ташвиқи сиёсати давлату ҳукумат хоса ғояҳои бунёдкорӣ ва созандагӣ дар фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хидмати арзандаро адо мекунад.

Баъдан дар мавзӯи “ Паёми Пешвои миллат ва ҷанбаҳои ҳикматомӯзи он” маърӯзаи илмии Иброҳимҷон Ҷабборов номзадиилмҳои таърих, декани факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров шунида шуд. Мавсуф аз арзиши баланди Паёми Пешвои миллат изҳори назар карда, махсусан нуктаҳи марбут ба маориф,таълим,тарбия вафарҳангро ҳамаҷониба тавзеҳ дод.

Аз рӯи анъана дар “Навгониҳои илмиву адабӣ”, бештар аз даҳ китоби тозанашр аз ҷониби Гулзира Ҳакимова, унвонҷӯи кафедраи адабиёти классикии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров муаррифӣ гардид. Аксари китобҳо дар нашриёти “Нури маърифат”-и ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо сифати баланд нашр шудаанд,ки ифодагари рушди табъу нашр дар ин донишгоҳ мебошад.

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, номзади илмҳои филология,донишманди маъруфи тоҷик дар баробари суханронии пурҳикмати худ перомуни ахлоқ ва маърифати адабиёт якчанд шеъри ноби худро барои ҳозирин қироат намуд. Оид ба нақшаҳои минбаъдаи маҳфил Саидумрон Саидов гуфт, ки бахшида ба эълон шудани “Соли 2019-2021 соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар соли 2019 як қатор нишастҳои маҳфил бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғддар деҳаҳои гуногуни вилоят аз ҷумла Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов, Рӯмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ, Ворухишаҳри Исфара, Истиқлолиноҳияи Шаҳристон, Пӯлодони Конибодом, Понғози ноҳияи Ашт баргузор хоҳад гардид,ки ҳадафи он тарғиби адабиёт дар маҳалҳо ва дарёфти истеъдодҳои нав хоҳад буд. Адибон,олимон ва журналистон ва ходимони ҷамъиятӣ Додохони Эгамзод, Ваҳҳоб Набиев, Анвар Ҷалилов, Парвиз Ҷабборзода, Лола Раҷабова баромад карда, дархосту пешниҳодҳои худро дар беҳдошти фаъолияти маҳфил баён карданд. Аз ҷумла баргузории нишастҳои маҳфилро дар деҳот қобили қабул дониста, ҳамзамон дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе ва шаҳри Самарқанду Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташкил намудани маҳфилро айни матлаб донистанд.

Дар ҷараёни маҳфил бо назардошти фаъолият ва нақши муассир дар баргузории маҳфили “Ганҷи сухан” бештар аз 40 нафар қадрдонӣ карда шуданд. Аз ҷумла бо “Сипоснома”-и Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода барои силсилаи сӯҳбатҳо , ироаи шеърҳои наввараҳнамоиву машварат дар беҳдошти кори маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона, барои силсилаи маърӯзаҳо ва дастгирии доимии маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан”ектори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, профессор, Ҷӯразода Ҷамшед, барои ҳамкории судманд ва дастгирии доимӣ, директори кулли Маҷмааи меҳмонхонаҳои “Абдуқодир Ҷабборзода”, Абдуқодир Ҷабборов, барои суханрониҳо ва ширкати фаъолона дар маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан, раиси Шӯрои уламои дини вилояти Суғд, адабиётшинос ва шоир Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, барои маърӯзаҳои илмӣ ва ҳамкории судманд дар баргузории нишастҳои маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” Субҳон Аъзамзод сарфароз гардонида шуданд.Гурӯҳи адибон ва донишмандон, рӯзноманигорон, нашрияҳо, воситаҳои ахбори электронӣ, кидавоми сол бо маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” ҳамкорӣ доштанд бо ифтихорномаҳои Раёсати суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” сарфароз гардиданд. Ансамбли навозандагон ва сарояндагони ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров “Навоиҷавонӣ” ба маҳфил бо сурудҳои дилнишинфазои идонаро эҳдо карданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ