​Факултети забонҳои хориҷӣ: Пешгирии падидаҳои номатлуб

Дар амфитеатри факултети забонҳои хориҷӣ вохӯрии сардори маркази Иттилоотии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, подполковники милитсия Шомирсаидзода Расул Самад бо донишҷӯён дар мавзӯи “Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ” баргузор гардид.

Дар мулоқот Шомирсаидзода Расул Самад дар доираи паёмади шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ сухан ронда, гуфт, ки муқовимат бо ин падидаи номатлуб яке аз самтҳои асосии сиёсати давлату ҳукумати кишвар ба шумор рафта, ҷиҳати решакан намудани он чораҳои зарурӣ андешида шудааст.

Дар интиҳо, устодону донишҷӯён оид ба сабаб ва омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ мубодилаи афкор намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ