Таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар донишгоҳ

Дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо намоиши анъанаҳои наврӯзӣ ва савту навои идона бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил гардид.

Дар оғоз дастурхони наврӯзӣ ва маҳсули касбу ҳунари устодону донишҷӯёни донишгоҳ мавриди таваҷҷуҳи ҳамагон қарор гирифт.

Чорабинии фарҳангиро ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо Наврӯзи хуҷаста шодбош гуфт ва сафои зиндагӣ, некномиву хушрӯзӣ ва толеву бахтро таманно кард. Сипас, суханро баҳри расонидани номаи табрикии раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба мудири Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода вогузошт, ки устодону донишҷӯён паёми табрикии роҳбарияти вилоятро хуш истиқбол намуданд.

Дар идома ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҷӯразода баён намуд, ки Наврӯз дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё гардида, ҷойгоҳи арзишманд ва мақоми волоро касб кардааст. Эҳёи Наврӯз ҳамчун рамзи некӣ, рӯшноӣ, сарҷамъиву ваҳдати мардум, ҷашни нуру сурур барои афзудани гармии меҳру ихлоси мардуми Тоҷикистони азиз, равнақи созандагиву бунёдкорӣ, хуррамиву шукуфоии сарзамини аҷдодии мо нақши муассир гузошта, ҳамасола бо ҳузури хеш хуррамиҳоро мужда меоварад.

Дар идомаи сухан Ҷамшед Ҷӯразода арз дошт, ки дар партави сиёсати фарҳангпарварона ва маънавибунёди Пешвои миллат Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» ҳамчун маркази муҳими тарбиявии омӯзгорони ҷавону мутахассисони кордон эътироф гардида, дар ҷомеа ҷойгоҳи сазовору муассирро касб намудааст. Дар ин замина профессор Ҷамшед Ҷӯразода оид ба рӯйдодҳои муҳими таърихиву тақдирсози донишгоҳ сухан ронда, афзуд, ки ҳар яки мо баробари ба ҷо овардани шукронаи ин пешравиҳо, соҳибватанӣ ва ифтихор аз Тоҷикистони соҳибистиқлол баҳри ба таври шоиста пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба хотири сарҷамъии миллат, тақвияти иқтидори давлат, ободии фардои кишвар ва осоиши зиндагии халқамон тамоми қувваю нерӯи худро сафарбар намоем.

Дар идома барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ аз ҷониби дастаи созию овозии «Навои ҷавонӣ»-и донишгоҳ, ситораҳои эстрадаи вилоят ва устодону донишҷӯён манзур гардид, ки табъи ҳозиринро болида сохт.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ ғолибони озмуни наврӯзӣ, ки аз рӯйи шартҳои дастурхони наврӯзӣ, миру маликаи наврӯзӣ, ороишоти гулҳо ва барномаи наврӯзӣ муайян карда шуданд, бо туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳо қадр гардиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ