​Босмачиро таърих намебахшад!

Таърих аҷиб гардише дорад,бо мурури замон баъзан ҳолатҳо ё шахсиятҳо аз рӯи тасодуф бошад ё тарбия якдигарро такрор мекунанд ва ҳаммаслакони худро ҳимоя мекунанд,калимаҳои "босмачӣ" ва "қурбошӣ"қариб фаромӯш шуда буд,аммо дар ин айём раиси ТЭТ -Ҳизби хиёнаткори Наҳзат Муҳиддин Кабирӣ ва косалеси он Кури Юнус он босмачиҳое,ки сад сол пеш дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон ба талаву тороҷ ,таҷовуз ва ғорати молу мулки мардум машғул шуда,дар таърих ва байни мардум ҳамчун босмачӣ шинохта шуда буданд,ҳимоя мекунанд.

Муҳиддин Кабирӣ дар суханронии мустақими худ ва Кури Юнус дар баёни фикри худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ қурбошиҳои асри гузашта Иброҳимбег, Фузайл махсум, Кӯри Шермат ва дигар золимонро муҷоҳид эълон намуда ба мардуми олам кӣ будани худро тасдиқ карданд.

Муҳиддин Кабирӣ аз калимаҳои ҷиҳод,муҷоҳид, мубориз ва шаҳид лаззат мебарад,зеро ин калимаҳо,саркардагон ва давомдиҳандагони фаъолияти Ҳизби хиёнаткори Наҳзатро зиёда аз сӣ сол инҷониб мехӯронад,мепӯшонад ва барои ба даст овардани маблағҳои ҳаром сабаб мешавад.
Ҳизби хиёнаткори Наҳзат солҳои навадуми асри гузашта ҷиҳод эълон карда хуни мардумро рехт ва дар майдони Шаҳидон чунин эълон намуд:"Кушти ғозӣ мешави,кушта шави шаҳид мешавӣ ва ба ҷаннат мерави" ва имруз бошад бо тариқи шабакаҳои интернетӣ, Кабирӣ ва Саидюнус ҳамон фатвои бе аслро пеш оварда босмачӣ ва қурбошиҳоро муҷоҳид,мубориз ва шаҳид эълон намуданд.

Аз ин суханҳои бе мантиқ маълум мешавад, ки Кабирӣ ва ҳаммаслаки ӯ Кури Юнус аз он босмачиҳо фарқе надоранд. Худ,ки хиёнаткор ҳастанд,хиёнаткоронро ҳимоя мекунанд,ҳақиқати таърихиро дидаву дониста инкор мекунанд,халқи оддӣ аз дасти онҳо чӣ азобу уқубату машаққате дидаст онро намегӯянд ва даъво мекунанд,ки Иброҳимбег, Фузайл махсум ва Кӯри Шермат босмачӣ набуданд.

Ҳақиқати ҳол бошад,қаҳрамони Тоҷикистон,фахри миллати Тоҷик, устод Садриддин Айнӣ гуфтаанд :"Босмачиён на ҳомии дин,ва на мухториятхоҳ, на меншевик, балки аз ҳама чиз пештар дузду ғаддору яғмогару хунхоранд".Ҳақ ба ҷониби устод Садриддин Айнӣ мебошад ва мо имрӯз гуфта метавонем, ки Кабирӣ ва Саидюнус аз он қурбошӣ ва босмачиҳо фарқе надоранд,миллати тоҷик на инҳоро мебахшаду на онҳоро.

МӮСОЗОДА ҲОҶӢ ҲУСАЙН

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ