Факултети филологияи тоҷик: Маҳфили илмии «Адабиётшиносӣ»

Санаи 20-уми феврали соли 2019 дар кафедраи адабиёти классикии факултети филологияи тоҷик маҳфили навбатии «Адабиётшиносӣ» бо иштироки донишҷўёну устодон доир гардид.

Дар оғози маҳфил роҳбари он номзади илмҳои филологӣ Азизов С. аҳли маҳфилро бо рўзномаи он ошно намуда, аз Мирзо Абдулқодири Бедил чанд байт оварда шуд ва аз тарафи донишҷўён таҳлилу тафсир карда шуд. Баъдан аз рўи нақшаи маҳфил донишҷўи курси дуюм Мамадқулова Фарзона таҳти унвони «Арзиш ва аҳамияти китоби «Чаҳор мақола»-и Низомии Арўзии Самарқандӣ гузориши илмӣ намуда, таъкид намуд, ки «чаҳор мақола»-и Низомии Арўзӣ яке аз сарчашмаҳои муҳими илмию адабии асри 12 мебошад, ки дар худ маълумотҳои бисёр нодир ва арзишмандро доро мебошад. Аз ин рў, мутолиааи ин китоби сўдманд барои мо донишҷўён хеле муҳим буда, донишҳои назариявӣ ва таърихии мор обоз ҳам боло мебардорад. Дар ин китоб дар хусуси шоирону донишмандони миллати мо маълумотҳои пурқимат дарҷ гардидааст.

Пас аз гузориши донишҷў суолҳо доир ба маърўзаи илмии ў аз тарафи аҳли маҳфил пешкаш карда шуд. Маърўзаи донишҷў муҳокима ва хулосабарорӣ карда шуд. Дар охир мудири кафедраи адабиёти классикии тоҷик дотсент Ўрунова М. донишҷўёнро боз бар он ташвиқ намуд, ки дар маҳфил бештар фаъол бошанд ва озодона баҳсу мунозира намоянд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ