​Мулоқот: Тарғиби арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ

Дар факултетҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус ва математикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо мақсади татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ, худогоҳии миллӣ, пешгирии зуҳуроти номатлуб ва шиносоӣ бо вазъи таҳсилу фаъолият вохӯрии намояндагони шуъбаи кор бо ҷавонон бо донишҷӯён доир гардид.

Дар мулоқот доир ба масоили дастгириву ғамхории давлату Ҳукумати кишвар бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон, эҳтиром ба арзишҳои милливу умумибашарӣ, тарғиби ғояҳои Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу суботи комил ва Ваҳдати миллӣ табодули андеша ҷараён гирифт.

Зикр гашт, ки ҷавонон ҳамчун нерӯи созанда ва пешбарандаи ҷомеа бо зуҳуроти номатлуб, аз қабили терроризму экстеримизм мубориза намоянд. Бо истифода аз имконияти замони муосир ба донишандӯзиву касбазхудкунӣ машғул гашта, онро дар амал татбиқ, ва бо ин васила, барои ободиву шукуфоии Ватани азизамон саҳмгузор бошанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ