​Баргузории мусобиқаи волейбол бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар доираи ҳафтаи чорабиниҳои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муосбиқоти волейбол байни устодон(бонувон) баргузор гашт.

Дар мусобиқот дастаҳои волейболбозони факултетҳои забонҳои шарқ, забонҳои хориҷӣ, телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ, молия ва иқтисодиёти бозор, санъати тасвирӣ, таърих ва ҳуқуқ байни ҳам рақобат доштанд.

Дар натиҷа,дастаи бонувони факултети молия ва иқтисодиёти бозор мақоми аввал, ҷойи дуюмро факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ ва мавқеи баъдиро факултетҳои забонҳои шарқ ва забонҳои хориҷӣ касб намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ