​Шарофиддин Гадоев намунаи ибрат ба дигарон аст!

Аҳли Тоҷикистон огоҳ гашт, ки яке аз фаъолони наҳзатӣ, муовини раиси Паймони миллии Тоҷикистон Шарофиддин Гадоев бо ихтиёри худаш ба Тоҷикистон омад ва аз кардааш пушаймон гашта, дар худи фурудгоҳ барои афв пурсидан ариза навишт. Дар як суҳбати видеоияш ӯ арз дошт, ки аз кирдорҳояш пушаймон гаштааст ва дигар нияти баргаштан ба назди Кабирӣ ва ПМТ надорад. Дар видеои дигар модару хоҳари Шарофиддин Гадоев ҳам изҳори хурсандӣ карданд, ки ҷигаргӯшаашон ба Ватан баргашт.

Дар мусоҳибааш Шарофиддин кушоду равшан изҳор кард, ки ӯро касе маҷбурӣ ба Тоҷикистон наовардааст ва худаш ихтиёрӣ ба ин кор даст задааст.

Албатта, ин кирдори хуби ӯ ба Кабирӣ маъқул нашуд ва овоза паҳн кард, ки ӯро мақомоти Тоҷикистон дуздидаанд. Ҳамин гапро Сулаймон Давлатов яке аз думравони Кабирӣ низ изҳор кард.

Шарофиддин Гадоев барои чандин нафар гумроҳони тоҷик, ки дар Аврупо қарор доранд, намунаи ибрат шуда метавонад.Вай дар Ватани маҳбуб ором аст ва барои рушди кишвар кӯшиш хоҳад кард.

Ба ҷавонони дигар, ки дар муҳоҷират қарор доранд, муроҷиат карда мегӯям, ки дигар даст ба бадном кардани Ҳукумати Тоҷикистон назананд.Нисбат ба Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бадгӯӣ накунанд. Ба Ватан баргарданд, зеро ин меҳани аҷдодӣ онҳоро интизор аст. Агар ба иштибоҳашон иқрор гарданд, ҳама онҳоро афв хоҳанд кард, зеро дар ҷавонӣ инсон ба хато роҳ доданаш мумкин аст.

Амали Шарофиддин Гадоев ҳаргиз хоинона нест, балки ватандӯстона аст. Ҷавонони муҳоҷири аврупоии тоҷик муроҷиат карда мегӯям, ки аз каҷравӣ гардед ва бо сидқу ихлос ба Тоҷикистон баргардед. Тоҷикистони маҳбубамонро бо заҳмату меҳнати якҷоя обод хоҳем кард!

Баҳодур Ашрапов – муаллими кафедраи забони

англисии факултети забонҳои шарқи донишгоҳ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ