​Таваҷҷуҳ: Озмуни “Мақолаи беҳтарини публисистӣ”

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд бо мақсади баланд бардоштани худшиносиву худогоҳии ҷавонон, ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ, гиромидошти анъанаҳои миллӣ ва ифтихори миллӣ, эҳтирому садоқат ба Ватан ва рамзҳои давлатӣ ва пешгирӣ аз падидаҳои манфӣ дар ҷомеа озмуни “Мақолаи беҳтарини публисистӣ”-ро байни ҷавонон эълон намудааст.

Мақолаҳо бояд то санаи 15-уми ноябр дар шакли электронӣ ва чопӣ ба суроғаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят пешниҳод гардад.

Озмун дар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гашта, ғолибони озмун аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр мешаванд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ