​Факултети забонҳои хориҷӣ: “Назарияи ташаккули салоҳияти касбии омўзгории донишҷўён”

Санаи 20-уми феврали соли 2019 семинари илмӣ-назариявӣ дар кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷии факултети забонҳои хориҷӣ роҷеъ ба мавзўи “Назарияи ташаккули салоҳияти касбии омўзгории донишҷўён” баргузор гардид.

Дар ин семинари илмӣ-назариявӣ намояндаи раёсати таълим Зокиров А., сармутахассиси шуъбаи идоракунии сифати таҳсилоти донишгоҳ Замира Сатторова ва аъзоёни кафедраи мазкур иштирок намуданд.

Дар семинари илмӣ-назариявӣ роҷеъ ба мавзўи “Назарияи ташаккули салоҳияти касбии омўзгории донишҷўён” дотсент Бойматов А. ҳусни оғоз бахшида, сабаби гузаштан аз муносибати анъанавии таълим ба муносибати салоҳиятнокӣ, моҳият, дастовард ва норасогиҳо, инчунин афзалиятҳои муносибати салоҳиятнокиро қайд намуд. Мавсуф оид ба усулҳои фаъоли таълим ва усулҳои ғайрифаъол дар таълим сухан ронда, зикр намуд, ки дар ҷараёни таълим тафаккури интиқодӣ, пайдо кардани хатогиҳо, муайян намудани ғалатфаҳмӣ ва хатогиҳои гуногун, ошкор сохтани сабабҳои ислоҳи он, қобилияти шинохтан, таҳлил ва баҳогузорӣ, гурўҳбандии объектҳо мувофиқи категорияҳо дар асоси аломатҳои ошкоршуда омўзонида мешаванд.

Дар фарҷом омўзгорони кафедра ва намояндагони раёсат фикру ақидаҳои худро оид ба мавзўи мазкур баён намуданд.

Ализода Фирӯза - донишҷӯи курси 3-и факултети

забонҳои хориҷӣ, аъзои маҳфили "Нерӯи сухан"

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ