​Пайравони Пешвои миллатем

Тоҷикону Тоҷикистониён аз зумраи он миллатҳое мебошанд, ки хоки Ватану марзу буми хешро дӯст медоранд ва барои ҳастии он ҷонисориҳо мекунанд. Агар офтобро ҷиддан назар афканем он бо нурҳояш ҳафт коинотро гармиву рӯшнои мебахшад. Тамоми мавҷудоти рӯи олам бо ҳастии офтоб умр ба сар мебарад. Лек бар ивази нурҳои ҳаётбахшаш, чизе талаб намекунад.

Ба таъбири шоири ширинкалом, ки чунин мегӯяд:

Шамс ба ҳаққи хизматаш пайса нагирад аз замин,

Хайру сахо нисор кун,лек маҷӯ, маҷӯ савоб

Пешвои миллат барои мардуми тоҷик шабеҳи офтобе мебошад, ки аз баландиҳо ба сарзамини тоҷик нурафшонӣ мекунад. Ва бар ҳаққи некиҳояш ба ҷуз сулҳу ободӣ чизе талаб намекунад. Мардуми тоҷикбо роҳбарииАсосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлолияти худро ба даст овард. Дар ҳақиқат мардуми тоҷик тавонист дар ин марҳилаи кӯтоҳ мардуми тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифи намояд.

Сафари навбатие, ки Ҷаноби олӣ дарАврупо ба анҷом расониданд барои мардуми хело муфид буд. Масъалаи аз ҳама муҳиме, ки баррасӣ гардид ин ҳамкорї дар соњаи маориф, аз љумла мусоидати ЮНЕСКО оид ба тањияи стратегияи рушди тањсилот ва такмили усулњои омодасозии омўзгорон буд. Зеро имрӯзҳо таваҷҷӯҳи Сарвари давлат ба соҳаи маориф хело калон аст. Ва мо омӯзгорон дар навбати худ бояд ин дилгармиро эҳсос намоему баҳри ободиву шукуфоии сарзаминамон бо ҳамроҳии Пешвои хеш камари ҳиммат бандем.

Аҳли омӯзгорони кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ