​Тарозуи таърих ҳақиқатро месанҷад

ТТЭ ҲНИ, ки хост барои ҷомеаи ҷаҳонӣ худашро нек карда нишон диҳад, ба ном эътилоф ва ё худ «Паймони миллии Тоҷикистон»-ро таъсис дод ва роҳбарии ин паймон ба зиммаи Кабирӣ М. гузошта шуд.Санаи 18-уми январ ў дар шабакаҳои интернет гуфтугӯи мустақим баргузор кард. Дар ин гуфтгутӯ ҳам ҳамон чизҳоеро, ки дар ҷаласаи Варшава доир ба босмачиён баён дошта буд, изҳор кард. Кури Юнус бошад, дар ҳавои суханони Кабирӣ бо шарҳи худаш масъаларо дар шабакаҳои интернет шарҳ додааст.

Дар ҷаласаи Варшава Кабирӣ М. изҳор дошта буд, ки насли саввуми босмачиҳо мебошанд. Дар ин маврид хуб ва ошкоро сухан кард. Аслан, маънои босмачӣ чӣ аст? Дар суҳбати мустақимаш боз дар ин бора таъкид кард.

Дар он солҳо, яъне солҳои бистуми асри бист муборизаи рангҳо сурат дошт. Ранги сафед рамзи ҷонибдорони Ҳукумати подшоҳии Руссия буд, ранги сурх бошад, болшекикон, яъне коммунистон ва Ҳокимияти Советиро ифода мекард. Ранги сабз, ки босмачӣ аз он гирифта шудааст, аслан вусма буда, маънои сабзро дора два вусмачӣ ва ё босмачӣ – дорандагони парчами сабз ва ба истилоҳ ҳомиёни ислом буд. Пас, дар ин олами рангҳо сабзҳо – босмачиҳо гўиё бар зидди кофирони сурхи болшевик мубориза бурданд.

Ҳам акнун инмасъаларо дар тарозуи таърих мегузорем ва ду паҳлуро месанҷем.

Босмачиҳо – мақсад доштанд ва он ҳам соҳиб гардидан ба мулку мансабҳои худ ва пеш аз ҳама ба сари қудрат овардани Амир Олимхон буд, ки дар хоки Афғонистон мезист. Тарзи амалӣ гардонидани сиёсати онҳо бо ҷорӣ намудани куштор, кофир эълон намудан, ба қатл расонидани омўзгорон ва монанди инҳо буд, ки барои пешравии кишвари сотсиалистӣ монеа мегашт.

ТТЭ ҲНИ – мақсад дорад, ки мақоми аздастдодаашро дар ҳукумати Тоҷикистон ишғол кунад ва ё аниқтараш ҳукумати сиёсиро ба даст дарорад. Агар пешгузаштагонаш сохти сотсиалистиро бо ҳар баҳона ҳаром ва ё мутобиқи шариат эълон мекарда бошанд, пас инҳо тактикаашонро дигар карданд. Дар баробари шариат аз қонунҳои байналмилалӣ ва ё дигар асноди ҳуқуқи башар ва ё гўиё риоя нагаштани онҳо дар Тоҷикистон сухан мекунанд.

Босмачиҳо – сармоягузорони онҳо Империяи Британияи Кабир ва давлатҳои хориҷӣ буданд. Гоҳо афсарон аз мамлакатҳои мусулмонӣ низ ба онҳо шарик мегаштанд, ки намунаи беҳтаринаш Анварпошшо аст, ки ў собиқ афсари Туркияи усмонӣ буд. Зархаридон ҳам доштанд.

ТТЭ ҲНИ – сармоягузорони инҳо низ кишварҳои хориҷӣ ва ба хусус аврупоӣ мебошанд. Агар барои босмачиҳо яроқу аслиҳаро низ англисҳо тақдим мекарда бошад, пас барои инҳо низ имконияти таъмин намудан бо аслиҳа ҳаст. Аз он бехабар набояд гашт, ки ин худобехабарон гурўҳи ҷавононро дар Эрон ва кишварҳои дигар санъати ҳарбӣ меомўзонанд ва дар ин бора Айёмиддин Сатторов дар яке аз мусоҳибаҳояш гуфта буд. Инҳо низ мисли босмачиҳо зархаридони хориҷӣ доранд ва дар солҳои чанги шаҳрвандӣ ин чандин маротиба исбот гашта буд.

Босмачиҳо – барои тарсонидани чашми мардум зиёиёни пешқадам ва шахсони навовари замонро бо баҳонаҳои хурофотиву динӣ ба қатл мерасониданд.

ТТЭ ҲНИ – ин корро бо ба қатл расонидани Кароматулло Қурбон, Нурулло Ҳувайдуллоев, Исҳоқӣ, Муҳаммад Осимӣ ва дигар чеҳраҳои саршиноси ҷумҳурӣ наҳзатиён ба сомон расониданд. Агар пеши роҳи амалҳои нопокашон дошта намешуд, боз чӣ номаъқулиҳо аз дасти онҳо сар мезад.

Босмачиҳо – қисмати зиёди босмачиҳо ба дасти болшевикон асир афтода, дар маҳбасҳо ҷой дода шуданд. Онҳое ки раҳгум зада буданд, афв карда шуда, барои ҳаёти сотсиалистӣ ва пеш бурдани ҷомеа саҳм гузоштанд. Қисми зиёди босмачиҳои фирорӣ ва худи Амир Олимхон дар ғарибӣ дур аз Ватан ҷон доданд.

ТТЭ ҲНИ – имрўз дар Аврупо ғарибу дарбадару сарсонанд. Онҳо ҳам тақдири пешгузаштагони худро такрор мекунанд. Агар Амир Олимхон ва босмачиёнаш аз Лигаи миллатҳо баргардонидани тахташро хоста бошад, инҳо бо ҳар баҳона ба даст овардани ҳукуматро дар Тоҷикистон талаб мекунанд.Фақат инҳо на ба Лигаи миллатҳо, балки ба Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо муроҷиат карданд.

Босмачиҳо – дар охир шикояташон шунида шуду мадад расонида нашуд.

ТТЭ ҲНИ – суханони инҳоро ҳам имрўзҳо ба инкоркунӣ оғоз кардаанд. Ин ибтидои шармандагии онҳост. Онҳо ба баъзе хоҷагонашон нодаркор шуда истодаанд.

Босмачиҳо – гурўҳе аз босмачиҳо барои гирифтани қасди худ аз болшевикҳо ба артиши Германияи фашистӣ ҳамроҳ гашта буданд ва ба хоки СССР ҳуҷум карданд.

ТТЭ ҲНИ – дар ин замон Германияи фашистӣ ва ё худ Гитлер нест, аммо аз сўзу алами соҳиб нагардидан ба мансабҳо намояндагони ТТЭ ҲНИ мумкин аст, ки ба гурўҳи ифротӣ ва террористии Давлати исломӣ шомил шаванд, ки ин ҳол на танҳо барои Тоҷикистон, балки ба дигар кишварҳои минтақа низ хатарнок буда метавонад.

Агар таърихро такрори воқеаҳо гўем, пас он чизе ки ба сари босмачиҳо омада буд, ба сари наҳзатиҳои дар муҳоҷират қарордошта низ хоҳад омад. Дар охири ин муҳориба қувваҳои созанда, бунёдкор ва меҳанпарастони ҳақиқӣ ғолиб омада буданд.

Ҳар сухане ки дар Варшава, Литва, Олмон ва ё дигар минтақаи Аврупо аз даҳони аъзои «Паймони миллии Тоҷикистон» садо медиҳад, ҳарзаву ҳазён аст ва ин мақоли халқиро ба ёд меорад: Абрро бонги саг зиён накунад! Тарозуи адолати таърих ҳама чизро ба ҷои худ хоҳад гузошт.

Ислом Раҳимов декани факултети забонҳои шарқи донишгоҳ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ