Робитаҳои байналмилалӣ: Беҳтар намудани хизматрасониҳо барои шахсони имконияташон маҳдуд – Erasmus + DECIDE

Чунин унвон дорад лоиҳаи наве, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар доираи Барномаи Эразмус + дастгирӣ ёфт ва донишгоҳи мо дар он чун яке аз ташаббускорон ва ҳамкори бо эътимод ширкат меварзад.

Бояд гуфт, ки барномаҳои Erasmus+ барои солҳои 2014-2020 пешбинӣ шуда, идомаи Барномаи TEMPUS ва як қатор Барномаҳо аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузоришаванда мебошад. Самтҳои асосии Барномаи Erasmus+ соҳаҳои маориф, таҳсилот, ҷавонон ва варзишро фаро гирифта, дар татбиқи он Иттиҳоди Аврупо 14.7 млрд. евро маблағ ҷудо менамояд.

Озмуни навбатии ташкилоти мазкур моҳи октябр соли гузашта оғоз гардида, то 9-уми февраи соли 2018 идома ёфт. Дар ин муддат бо талошҳои пайвастаи кормандони шўъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ ба мо муясар гардид, ки дар 5 лоиҳаҳои дастаъҷамона ширкат варзем. Яке аз ин лоиҳаҳо дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Трансилвани Брашови Руминия ва якқатор донишгоҳои ватаниву хориҷӣ доир ба Беҳтаргардонии хизматрасониҳои таҳсилотӣ барои муҳассилини имконияташон маҳдуд” таҳия карда шуда буд.

Чанде қабл, коммисияи боэътимодӣ Иттиҳоди Аврупо аризҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, натиҷагирӣ намуданд ва аз 874 аризаи ворид гардида, 147-тои он барои мабалғгузорӣ пешниҳод карда шуд. Ҳамзамон, хотир нишон бояд кард, ки дар давраи нави озмуни барномаҳои Иттиҳоди Аврпо барои соли 2014-2020 наздик ба 200 давлат ширкат меварзанд. Ин кишварҳо ба минтақаҳо тақсим карда шудааст ва Осиёи Марказӣ дар минтақаи 7-ум қарор дорад. Тақсимоти лоиҳаҳои муваффақ аз рўи минтақаҳо чунин аст: минтақаи 1-ум аз 118 ариза 16-адад ё 13.56%, минтақаи 2 аз 98 ариза 12-адад ё 12.24%, минтақаи 3 аз 190 ариза 29-адад ё 15.26% , минтақаи 4 102 ариза 10-адад ё 9.80 %, минтақаи 6 аз 89 ариза 42-адад ё 47.19 %, минтақаи 7 аз 32 ариза 6-адад ё 18.75 % , минтақаи 8 аз 86 ариза 13-адад ё 15.12%, минтақаи 9 аз 9 ариза 2-адад ё 22.22% , минтақаи 10 аз 8 ариза 4-адад ё 50 %, минтақаи 11 аз 34 ариза 6-адад ё 17.65 % ва лоиҳаҳои байни минтақавӣ аз 108 ариза 7-адад ё 6.48 % дар маҷмӯ бо фоизҳо 16.82 % лоиҳаҳо дастгирӣ ёфтанд.

Маврид ба таъкид аст, ки Эразмус + ба 3 гурӯҳи фаъолиятҳо тақсим мешавад. Ҳамин тавр, агар гурўҳи фаъолияти якум (Action 1) ба самти мубодилаи озодӣ донишҷўён дар ҳамаи зинаҳо нигардонида шуда бошад, гурўҳи фаъолияти дувум (Action 2) ба самти ҳамкориҳо барои инноватсия ва мубодилаи таҷрибаҳои беҳтарин дар зинаҳои таҳсилоти олӣ мебошад ва зинаи сеюм бошад барои дастгирии фаъолиятҳои дигаргунсозии сохторӣ дар қишри иҷтимоии ҷомеа равона карда шудааст. Дар навбати хуб ин гурӯҳҳо ба зергурӯҳо тақсим шуда, дар самтҳои гуногун фаъолият мебарад.

Дар ҷараёни дар амал татбиқ намудани ин лоиҳа Донишгоҳи Трансилвани Брашови Руминия нақши ҳамаҳангсози кул ва чор донишгоҳҳои бонуфузи дигари Иттиҳоди Аврупо ва Британияи Кабир аз қабли Донишгоҳи Критаи Юнон, ДонишкадаиТехнологии Лимерки Ирландия, Донишгоҳи техникии Дрездени Олмон ва Донишгоҳи Мидлсекси Англия ба сифати донишгоҳҳои барномавӣ – ёвар ширкат меварзанд. Гузашта аз ин, панҷ муассиса аз Ҷумҳурии Қазоқистон ба монанди Донишгоҳи Агротехникии Қазоқистон ба номи Сакен Сайфулин, Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал -Форобӣ, Донишгоҳи давлатии Кастанай ба номи А.Байтурсунов Қазоқистон, Ташкилоти ҷамъияти “Таҳсилоти дастрас барои донишҷӯёни имконияташон маҳдуд” ва Академияи идоракунии давлатӣназди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба сифати ҳамкор ширкат мекунанд. Дар навбати худ чор муассисаи дигар аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон: Донишкадаи иқтисод ва хизматрасонии Самарқанд, Донишгоҳи технологияҳои иттилооти Тошкент, Донишгоҳи давлатии Қарақалпоқ ба номи Бердах ва Ҷамъияти кӯмаки ҳамаҷонибаи иҷтимоии кӯдакони имконияташон маҳдуд “Муштоқ кӯзлар” ва ҳамчунин аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишкадаи технология ва менечменти инноватсионии Кулоб, Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии “Волидайн ва Кӯдакон” ба сифати ҳамкор ширкат меварзад.

Дар назар аст, ки дар доираи татбиқи лоиҳа дар 10 донишгоҳҳои ҳамкор марказҳои махсусгардонидашуда барои таҳсилоти шахсони имконияташон маҳдуд таъсис дода, бо ҷиҳозҳои зарурӣ муҷаҳҳаз мегардад. Гузашта аз ин, марказҳо бо ҳам пайваст кардашуда, шабакаи ягонаи умумӣ байни 10 донишгоҳ фаъолият хоҳад бурд, ки ин барои мубодилаи таҷрибаи беҳтарин дар ин самт арзёбӣ мегардад.

Ҳамчунин, дар давоми се соли фаъолияти татбиқи лоиҳа намояндагон аз донишгоҳи ҳамкор ба донишгоҳҳои ёвар сафарҳои мақсанок анҷом дода, барои дар сатҳи баланд ва бо муваффақият татбиқ намудани лоиҳа ҳиссаи босазои худро хоҳанд гузошт.

Давомнокии лоиҳа 3 сол буда, маблағи умумии он 991,106,00 евроро ташкил медиҳад, ки аз ин ҳисоб 223,200,00 евро ё 22.50%-и он барои харидории таҷҳизотҳо барои марказҳо дар 10 донишгоҳҳои ҳамкор нигаронида шудааст.

Хотирнишон бояд шуд, ки аз оғози татбиқи барномаҳои Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон дар соҳаи маориф дар доираи, Барномаи ТЕМПУС ваЭРАЗМУС + дар кишварамон зиёда аз 40 лоиҳаҳо мавриди татбиқ ва баҳрабардорӣ қарор дода шуд ва донишгоҳи мо беш аз 20 адади ба тариқи ҳамкор ва дар аксари он ба сифтаи ҳамоҳангсози кул фаъолият намуда, меояд ва дар ҷумҳурӣ дар ин ҷода дар мақоми дуюм аст.

Ҷамшед ИСТАМҚУЛОВ

сармутахассиси робитаҳои байналмилалии донишгоҳ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ