Маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” (Нишасти 170-ум)

Нишасти навбати маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” бахшида ба эълон шудани “Солҳои 2019-2021- Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар деҳаи Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иштироки бештар аз 200 нафар устодони макотиби миёна, адибону муҳаққиқон ва дӯстдорони илму адаб дар маҷмааи фарҳангии “Висол” баргузор шуд. Гуруҳи калони олимону адибон аз маркази вилоят –шаҳри Хуҷанд ба маҳфил шукӯҳу шаҳомати тоза бахшиданд.

Маҳфилро роҳбари он адабиётшинос Саидумрон Саидов ифтитоҳ бахшида зикр кард, ки баргузории маҳфил дар муҳити деҳот имкон фароҳам меорад дар густариши фазои фарҳангиву адабӣ ва илмии он нақше гузорад. Махсусан, адибони ҷавони деҳа имкон пайдо мекунанд аз минбари маҳфил худро муаррифӣ кунанд ва бо муҳаққиқону адибон рӯ ба рӯмубодилаи афкор намоянд.

Сараввал муовини Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Зулола Анварӣ баромад карда, ҳозиринро хайрамақдам гуфт. Ӯ изҳор кард, ки дар партави Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон шудан “Солҳои 2019-2021 – Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”маҳфили “Ганҷи сухан” бо дастгирии Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят шахсан Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар соли равон нишастҳои худро дар деҳот баргузор менамояд ва дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандози ноҳияи мо баргузор шудани он басо рамзист. Зеро ин маҳфил дар остонаи 110 –солагии зодрӯзи Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, ифтихори кишвару миллат Абдуғафур Самадов баргузор мешавад, ки нақши ин марди меҳнат дар рушди кишвар ва беҳдошти зиндагии мардум бузург аст.

Баъдан таҳти мавзӯи “Инъикоси сиёсати инсонмеҳвар дар Паёмҳои Пешвои миллат” номзади илмҳои педагогика, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Шарипов Абдуҳаким баромад карда, муҳимтарин нуқтаҳои Паёмҳои Президенти мамлакатро дар мавриди рушду такомули инсони имрӯз мавриди таҳлил қарор дод.

Дар бахши навгониҳои илмиву адабӣ бошад Абдусабур Абдуваҳҳобов –сармуҳаррири ҳафтавори “Шафақ” ҳозиринро бо китобҳои тозанашри нашриёти “Ношир” ошно кард. Аз ҷумла, оид ба китоби “Таърихи Муҳаммадӣ”, “Давлат, сиёсат, ҷомеа”, “Ду ситора” ва чандеи дигар маълумот дод.

Боиси зикр аст, ки оғози моҳи феврали соли равон дар шаҳри Навоии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамоиши байнамилалии «Нақши мероси Алишери Навоӣ дар таҳаввули маънавият ва маорифи башарӣ» бо ҳузури олимони беш аз 15 кишвари олам, аз ҷумла Тоҷикистону Ӯзбекистон, Россия, Ҳолланд, Туркия, Ҳиндустон, Афғонистон, Озарбойҷон, Кореяи Шимолӣ ва Қазоқистон баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш кишвари моро гурӯҳи олимон дар ҳайати академик Кароматулло Олимов, профессори ДМТ Бадриддин Мақсудов, устоди ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Раҷабалӣ Хидиров, устодони ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Нуралӣ Нурзод, Муътабар Шарифова, Нуъмонҷон Неъматов намояндагӣ намуданд. Нуралӣ Нурзод, номзади илмҳои филология, дотсенти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров нахуст аз бардошти хеш аз ин ҳамоиш ба ҳозирин баён карда, дар мавзӯи “Мулоҳизаҳо дар атрофи қасидаи “Тӯҳфат-ул-афкор”-и Алишери Навоӣ” сӯҳбати илмӣ кард.

Дар бахши “Минбари шеър ва андеша” адибони Ғӯлакандоз., Насимбек Қурбонзода, Мунира Камол, Муслима Ӯлмасзода, Ҷаъфар Бекматов, Юсуфҷон Аҳмадов аз чакидаҳои хомаашон шеърҳо қироат карданд. Доктори илмҳои филология, профессор Неъматҷон Файзуллоев ба ашъори шоирони ҷавон баҳои баланд дода, аз ояндаи бузург доштани онҳо дарак дод. Неъматҷон Файзуллоев аз адибон хоҳиш намуд то намунаҳои эҷодиёташонро ба роҳбарияти маҳфил пешниҳод намоянд то дар маҷмӯаи минбаъдаи “Армуғони “Ганҷи сухан” интишор гардад.

Шеърхонӣ таҳти унвони “Вориси Айниву Турсунзодаем” аз ҷониби хонандагони мактаб Марҷона Ваҳҳобова ва Дурдона Зоҳидова ҳозиринро писанд афтод. Махсусан, шеърхонии Фариштаи шашсола аз ашъори Шоираи Халқии Тоҷикистон Фарзона муассир буд.

Аълочии Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯҳрат Набиев ва ансамбли навозандагон ва сарояндагони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо оҳанг ва сурудҳои дилнишин ба маҳфил руҳи тоза ато карданд.

Барои маърӯзачиён ҳадяҳои хотиравии Раиси вилояти Суғд супорида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ