ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН



То ҷамбасти озмуни
"ОЛИМИ СОЛ-2018"
  • Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон пойдор ва босамар бод!

  • МУЛОҚОТ БО ЗИЁИЁН

  • ҲАМКОРИИ ТАЪРИХӢ ВА СУДМАНД

Бо Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба ояндаи дурахшон ва умедбахш!


ҶАВОНОН ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

Бо ташаббуси омӯзгори кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисӣ Раҷабова С.Б. ва донишҷӯёни гурӯҳи 108 дар хобгоҳи №1-и донишгоҳ чорабинии тарбиявӣ таҳти унвони “Ҷавонон зидди терроризм ва экстремизм!”  бо иштироки устодон ва донишҷӯёни дар хобгоҳ истиқоматкунанда баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо навори ибратомез оғоз шуда, аз тарафи барандагон маълумот дар бораи терроризм ва экстремизм пешкаши тамошобинон гардид.

 

Аз назар гузарониданд: 140 нафар

МАВҚЕЪ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

 

Бо мақсади ҷалби олимону муҳаққиқони ҷавон ба яке, аз масъалаи муҳим – дурнамои   рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар кишвар, бахшида  ба  «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо ташаббуси Шўрои олимони ҷавони факултети филологияи рус дирӯз дар  толори Литсеи физикӣ-математикии №1 ба номи М. Осимӣ  бо  дастгирии  директори он, Азимова М.А. мизи мудаввари васеъ байни талабагони болаёқатманд таҳти унвони  “Мавқеъ ва дурнамои  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»   баргузор   гардид.   

  

 

Аз назар гузарониданд: 133 нафар

МАСЪУЛИЯТИ ФАРЗАНД ДАР НАЗДИ ВОЛИДАЙН

Дар факултети физикаю техника  дирӯз маҳфили навбатии «Насиҳат гўш кун ҷонон»-и шуъбаи тарбияи донишгоҳ дар мавзўи «Қарзи фарзанд дар назди падару модар» баргузор гардид.  Дар он устодон, кураторони гурўҳҳои академӣ ва  донишҷўёни  факултет иштирок намуданд.

Чорабинии мазкурро декани факултет номзади илмҳои физика-математика, дотсент М.И.Шамсиддинов  ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо мақсад ва ҳадафҳои асосии маҳфил шинос намуд. Ҳамзамон, ў оид ба нақш ва мавқеи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд» сухан ронда, махсус таъкид намуд, ки дар қонуни мазкур инчунин фарзандон низ баъди ба камол расидан ва пиронсолии падару модар дар назди онҳо масъулиятҳои муайянро бояд ба ҷо биёранд.

 

Аз назар гузарониданд: 154 нафар

ИҶРОИШИ ФАРМОН ДАР АМАЛ

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пайгирии сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Поягузори сулҳу ваҳдат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 12-уми ноябри соли 2016, №776 дар бораи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» бо ташаббуси устодони кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ  дирӯз дар хобгоҳи №3-и донишгоҳ чорабинии тарбиявӣ таҳти унвони «Саҳми ҷавонон дар пешгирии ҳодисаҳои номатлуб» гузаронида шуд.

 

Аз назар гузарониданд: 115 нафар

ЧАРОҒИ ҲИДОЯТ

Дирӯз бо ибтикори Шӯрои собиқадорони факултети забонҳои хориҷӣ маҳфили “Чароғи ҳидоят” чорабинии бошукӯҳ ва ботантана бахшида ба ҷашни 73-умин солгарди Ғалабаи бузург баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ собиқадори меҳнат, полковники мустафъии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, хатмкардаи факултети забонҳои хориҷӣ Содиқов Орифҷон, сармутахассиси шуъбаи тарбияи раёсати донишгоҳ Ӯлмасов М., ва устодони  факултет ҳузур доштанд.

 

Аз назар гузарониданд: 112 нафар

ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАМЕШАВАД!

Имрӯз дар толори донишгоҳ бахшида ба Иди Ғалаба чорабинии донишгоҳӣ  бо иштироки чанд нафар собиқадорони ҷангу меҳнат, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ собиқ устоди донишгоҳ Исмоилов Абдулло баргузор гардид.  Чорабиниро ректори донишгоҳ профессор Ҷӯразода Ҷ.Ҳ.  ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки: “Аз баракоти сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои Тоҷикистони соҳибистиқлол дигарбора  корнамоиҳои  диловаронаи фарзандони тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба унвони рамзи ҳидоят ба сӯи шинохти воқеии оини мардонагӣ ва гузаштан дар мактаби ҷасорату дарси ватандорӣ хидмат карда меояд”.

 

Аз назар гузарониданд: 123 нафар

ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ ПРОФЕССОР ҶАМШЕД ҶӮРАЗОДА БАХШИДА БА ИДИ ҒАЛАБА

Муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат, устодони азиз ва

донишҷўёни арҷманд!

Ҷашне, ки имрўз тамоми инсонияти тараққипарвари рўи олам ботантана таҷлил карда, азизу гиромӣ  медоранд, иди Ғалабаи халқҳо дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ маҳсуб меёбад.

Ҳанӯз аз оғози ҷанг фарзандони тоҷик дар қатори аввалинҳо дар ҳайати ду дивизия ба ҷабҳаи ҷанг рафта буданд. Умуман, аз кишвари мо беш аз 290 ҳазор нафар бевосита дар задухӯрдҳои шадиди ҷанги зидди фашизм иштирок намуда, аз худ ҷасорату мардонагиҳои бемисл зоҳир кардаанд. Эҳсоси ватандӯстӣ ва мушкилнописандии онҳо имрӯз барои мо, ки истиқлолияти давлати худро таҳким бахшида, созандагиву бунёдкорӣ ва ободии Тоҷикистони азизро ҳадафи хеш қарор додаем, намунаи ибрат ва сабақ аст.

 

Аз назар гузарониданд: 158 нафар

ИСТИФОДАИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИННОВАТСИОНӢ – ТАЛАБИ ЗАМОН

Дирӯз аз ҷониби сармуаллими кафедраи электроника Акмал Усмонов дарси намунавӣ бо иштироки васеи устодон ва донишҷӯён аз фанни сохт ва принсипи кори МЭҲ ташкил ва   гузаронида шуд.

 

Аз назар гузарониданд: 123 нафар

<< < 1 | 2 | 3 | 4 >>

СУРУДИ ДОНИШГОҲ



ЭЪЛОНҲО

Баргузории семинари таълимӣ-методӣ бо ташаббуси сафоратхонаи Амрико аз рӯи барномаи ETM

ОЁ ХОҲИШИ ТАҲСИЛУ ТАКМИЛИ ИЛМУ ДОНИШРО ДАР ХОРИҶИ КИШВАР ДОРЕД?! – ПАС...

ПнВтСрЧтПтСбВс
ГУРӮҲИ
ТАҲЛИЛӢ-ИТТИЛООТӢ

СОЛИ 2018-РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
“ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР “ СОЛҲОИ 2018-2028
Холо дар сомона: 19 нафар

Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар