ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



То ҷамбасти озмуни
"ОЛИМИ СОЛ-2018"
  • Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон пойдор ва босамар бод!

  • ВОХӮРИИ САФИРИ ФАВҚУЛЛОДАИ ҶУМҲУРИИ ФЕДЕРАТИВИИ ОЛМОН ДАР ТОҶИКИСТОН ҶАНОБИ НАЙТҲАРТ ҲӮФЕР-ВИССИНГ БО УСТОДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ

  • КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ – АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОИИ ХУШУНАТОМЕЗ: РОҲУ УСУЛҲОИ ПЕШГИРӢ ВА МУҚОВИМАТ БО ОН”

  • ЭРОН ҲЕЧ ҚАЧОН ТИНЧ ЎТИРМАЙДИ

Бо Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба ояндаи дурахшон ва умедбахш!


МАСЪУДИ СИПАНД, АДИБИ ЭРОНИТАБОРИ АМРИКО: «ЭМОМАЛӢ РАҲМОН АБАРМАРДИ ТАЪРИХИ ТОҶИКИСТОН АСТ»

Масъуди Сипанд, шоир, достоннавис ва рӯзноманигори эронитабори муқими иёлати Калифорнияи Амрико аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони абармарди таърихи Тоҷикистон ном бурд.

Аз назар гузарониданд: 7 нафар

МАРҲАМАТ БА КУРСИ РОЙГОНИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ

Бо ташаббуси шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ ва дастгирии бевоситаи роҳбарияти донишгоҳ баҳри ҳарчи бештар ҷалб намуданӣ омўзгорони соҳибунвон ва  донишҷўёни лаёқатманд дар барномаҳои байналмилалӣ ва дар  роҳандози  намуданӣ лоиҳаҳои  илмӣ, мавзўҳои буҷавӣ ва грантҳои дохиливу байналмилаӣ дар назди шуъба  «Курсҳои омўзиши забонҳои хориҷӣ- англисӣ» ташкил намудааст ва тайи 2 сол аст, ки омўзгорону донишҷўён дар ин курсҳо ширкат варзида, соҳиби дониш ва шаҳодатномаҳо гардидаанд. 

 

Аз назар гузарониданд: 12 нафар

РЎЗҲОИ ДАРҲОИ КУШОД ДАР КИТОБХОНАИ МАРКАЗИИ ДОНИШГОҲ

Аз санаи 11 то 30 сентябр дар Китобхонаи марказии донишгоҳ Рўзҳои дарҳои кушод эълон гардида, донишҷўёни факултетҳо бо навбат ба китобхона ташриф карда истодаанд. Рўзи 17 сенябр аз рўи ҷадвал донишҷўёни факултети филологияи тоҷик якҷоя бо декан ва ноибдекану кураторони гуруҳҳо ба китобхона омада, бо фаъолияти он аз наздик ошно гаштанд.  

Аз назар гузарониданд: 13 нафар

ВЕБИНАРИ НАВБАТИИ ЛОИҲАИ ERASMUS + EXTEND

Рўзи гузашта вебинари навбатии яке аз лоиҳаи ташкилоти байналмилалии Иттиҳоди Аврупо ERASMUS+ EXTEND– «Беҳтаргардонии таҳсилоти муҳандисӣ тавассути омода намудани омўзгорон ва методҳои нави падагогӣ дар Русия ва Тоҷикистон», ки дар Донишгоҳ шурўъ аз моҳи октябри соли 2017 татбиқ мегардад, баргузор гардид. Дар вебинари мазкур намояндагони донишгоҳҳои аъзои лоиҳа аз қабили чор донишгоҳҳои Иттиҳоди Аврупо: Донишгоҳи политехникии Бухарести Руминия, Донишгоҳи техникии Ригаи Латвия, Донишгоҳи Минҳои Португалия, Донишгоҳи Ворвики Англия, чор донишгоҳ аз Федератсияи Русия: Донишгоҳи давлатии техникии Москва ба номи Н. Э. Бауман, Маркази миллии тадқиқотии Донишгоҳи давлатии Мордовия ба номи Н.П. Огарева, Донишгоҳи давлатии техникии Магнитогорск ба номи  Г.И. Носова ва Донишгоҳи давлатии сохтмонии Москва ва чор донишгоҳҳои Тоҷикистон: Донишгоҳи далатии техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров ва Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи А. Рўдакӣ ширкат варзиданд.

 

Аз назар гузарониданд: 26 нафар

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ИЛМӢ-АДАБӢ БАХШИДА БА “РӮЗИ РӮДАКӢ” ДАР ФАКУЛТЕТИ ЗАБОНҲОИ ШАРҚ

Санаи 17 сентябри соли равон  дар толори факултети забонҳои шарқ бахшида ба “Рӯзи Рӯдакӣ” маҳфили илмӣ-адабӣ баргузор гардид. Дар ин маҳфил сараввал аз тарафи донишҷӯёни факултет шеърҳо аз ашъори Рӯдакӣ суруда шуд.

Сипас маъруза дар мавзӯи “Таҳқиқоти осори Рӯдакӣ ва шӯҳрати ҷаҳонии ӯ”  аз тарафи донишҷӯи бахши 4 гурӯҳи 401 факултет Назаров Т. гуфта шуд.

Имсол дар Тоҷикистон “Соли 2018 соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидааст. Ба ин муносибат донишҷӯёни факултети забонҳои шарқ озмуни  намоиши либосҳои миллии  қадима, либосҳои миллиии рӯзмарра ва либосҳои миллии идонаро ба роҳ монданд.

 

Аз назар гузарониданд: 24 нафар

МУЛОҚОТ БО ДОНИШҶӮЁНИ ДАР ХОБГОҲ ИСТИҚОМАТКУНАНДА

Санаи 18-уми сентябри соли ҷорӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар ва бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии донишҷӯдухтарони дар хобгоҳ иқоматкунанда, ҷалби бештари онҳо ба корҳои ободкориву созандагӣ, ҳунарҳои мардумӣ, пешгирии амалҳои номатлуб дар байни ҷавонон мулоқоти мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Эҳсон Наврӯзов бо донишҷӯёни иқоматкунандаи хобгоҳи №1, ки тибқи Квотаи Президентӣ таҳсил менамоянд, гузаронида шуд.

 

Аз назар гузарониданд: 21 нафар

“ГАНҶИ СУХАН” ДАР ДОНИШГОҲ

Нишасти 165-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ ва истиқболи Рӯзи забони тоҷикӣ, ҳамчунин фаъолияти илмӣ ва омӯзгории доктори илмҳои филологӣ, профессор Матлубаи Мирзоюнус имрӯз дар толори калони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид. Маҳфилро роҳбари он номзади илмҳои филология, дотсенти кафедраи адабиёти классикӣ Саидумрон Саидов ифтитоҳ бахшид. Ӯ ҳозиринро бо Рӯзи Рӯдакӣ муборакбод намуда, нақшаи кории маҳфилро эълон дошт.

 

Аз назар гузарониданд: 12 нафар

ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАҚОМ

Аз 6-ум то 10-уми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Шаҳрисабзи Ҷумҳурии Ўзбекистон форуми байналмилалии Мақом баргузор гардид. Дар он намояндагони 73 давлат ширкат намуданд. Ҳунармандони Академияи мақоми Тоҷикистон бо роҳбарии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Абдувалӣ Абдурашидов сазовори мукофоти олии форуми мазкур Гран-при гардиданд. Дар ҳайати ансамбли Академияи мақом собиқ дастпарварони факултети санъат Насиба Омонбоева, Камолиддин Ҳамдамов, Сироҷиддин Ҷўраев, Хуршед Иброҳимов хунарнамоӣ намуданд.

 

Аз назар гузарониданд: 44 нафар

1 | 2 | 3 >>

СУРУДИ ДОНИШГОҲ



ЭЪЛОНҲО

Баргузории семинари таълимӣ-методӣ бо ташаббуси сафоратхонаи Амрико аз рӯи барномаи ETM

ОЁ ХОҲИШИ ТАҲСИЛУ ТАКМИЛИ ИЛМУ ДОНИШРО ДАР ХОРИҶИ КИШВАР ДОРЕД?! – ПАС...

ЭЪЛОН

ПнВтСрЧтПтСбВс
ГУРӮҲИ
ТАҲЛИЛӢ-ИТТИЛООТӢ

СОЛИ 2018-РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
“ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР “ СОЛҲОИ 2018-2028
Холо дар сомона: 18 нафар

Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар