PHONE:+992 342265273
EMAIL:ittilootddh@mail.ru
TODAY
HOUR

OFFICE
ADVERTISEMENT
Шуъбаи тарбияи донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки маҷмуаи мақолаҳоро дар силсилаи роҳнамои тарбият таҳти №20 доир ба нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҷалби устодони соҳибунвону соҳибтаҷрибаи донишгоҳ таҳия ва нашр намояд. Аз ин лиҳоз, хоҳишмандем мақолаҳои устодонро дар ҳаҷми на кам аз 4 саҳифаи чопӣ бо ҳуруфи тоҷикии Тames New Roman Tj то санаи 31-уми январи соли 2018 ба суроғаи электронии hgu-tarbiya@mail.ru ирсол намоед. Мақолаҳои ба талабот ҷавобгў набуда нашр карда намешаванд.



ВОХӮРИИ СУДМАНД БО ПИЗИШКОН ДАР ДОНИШГОҲ

Дар  факултети забонҳои хориҷӣ вохӯрии донишҷӯён бо духтурон баргузор гардид.

Нахуст духтури амрози занона Мирисоқова Шомита дар атрофи масъалаҳои муҳим чун тарзи татбиқи ҳаёти солим ва бунёди ҷомеаи солим, оқибатҳои нохуши риоя накардани гигиенаи шахсӣ ва роҳҳои пешгирии бемориҳо ба таври муфассал баромад намуд. 

 

Аз назар гузарониданд: 32 нафар

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ФАРҲАНГИ ОИЛАДОРӢ” ДАР ДОНИШГОҲ

Дар толори раёсати донишгоҳ бо ибтикори Шӯрои занони донишгоҳ маҳфили навбатии  “Фарҳанги оиладорӣ” таҳти унвони "Муносибати гендерӣ ва нақши он дар ташаккули хусусиятҳои психологии зан"  баргузор гардид, ки дар он меҳмонон аз раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, аз раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳомияти давлатии шаҳри Хуҷанд  ва  омўзгорону донишҷўёни донишгоҳ иштирок намуданд.

Аз назар гузарониданд: 38 нафар

ҲАДАФ: ТАРБИЯИ СОЗАНДАГОНИ ФАРДОИ ҶОМЕА

Тарбия – таъсиррасонии бошуурона, мунтазам ва мақсаднокест, ки он душворӣ ва зиддияти ба амаломадаро ба эътибор мегирад, воситаҳои бартарафсозии онро пайдо менамояд. Бо ин мақсад омўзгорони кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқи факултети таърих ва ҳуқуқ, ба муносибати ҷашни 25 солагии таъсисёбии Артиши миллӣ ва баррасӣ намудани санадҳои муҳими давлатӣ бо донишҷўёни хобгоҳи №1 конференсияи илмӣ - амалӣ таҳти унвони «Тарбия дар руҳияи бунёдкорӣ ва созандагӣ» баргузор намуданд. 

Аз назар гузарониданд: 45 нафар

ТАҶРИБАОМӮЗИИ ПЕДАГОГӢ – ОМИЛИ МУҲИМИ ТАЙЁРИИ КАСБИИ ДОНИШҶӮЁН

Ҳафтаи гузашта дастури методии мудири кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ, дотсент Маҳмудов О.Р., таҳти унвони “Таҷрибаомӯзии педагогӣ – омили муҳими тайёрии касбии донишҷӯён” аз нашр баромад.

Дастури мазкур фарогири масоили мақсад ва вазифҳои таҷрибаомӯзӣ, роҳҳои ташкил намудани он, ҳуқуқ, ӯҳдадорӣ ва вазифаҳои таҷрибаомӯзон буда, иборат аз 100 саҳифа аст ва барои донишҷӯён пешниҳод шудааст.

 

Аз назар гузарониданд: 55 нафар

НИШАСТИ МАТБУОТИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ

Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон аз 15 сентябри соли 2011, № АП-1729 «Дар бораи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуоти дар мақомоти давлатӣ» дар толори нишасти матбуотии ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки васеъи намояндагони васоити ахбори умум ва устодони донишгоҳ баргузор гардид. 

Аз назар гузарониданд: 70 нафар

ПАЁМ - РОҲНАМО ВА ҲИДОЯТГАРИ ФАРДОИ ДУРАХШОН

Дар  толори факултети таърих ва ҳуқуқ бахшида ба омӯзишу тарғибу ташвиқи Паёми Асосгузори ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон конфронси илмӣ- амалӣ тахти унвони “Паём- роҳнамо ва ҳидоятгари фардои дурахшон” бо иштироки устодон ва донишҷӯёни факултет баргузор гардид.

Аз назар гузарониданд: 49 нафар


1 | 2 | 3 > >>



СУРУДИ ДОНИШГОҲ



Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
read more

ДДХ
ТЕЛВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
Read more

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
Read more

Electronic
CONTACT FORM
Read more