Главная
Корномаи ҷовидонаи халқ фаромӯш нашудааст

22 июни соли 1941 қарни гузашта қӯшунҳои Германияи фашистӣ бидуни эълони ҷанг бо мақсади талаву тороҷ ва нест кардани собиқ Ҷамоҳири Шӯравӣ ба хоки он ҳуҷуми ногаҳонӣ оварда, ҳаёти пурнишоти мардумро барбод доданд. Оғози ҷанг дили ҳар як хонаводаи тоҷикро низ ба хурӯш овард ва оташи он 1418 шабонарӯз забона зада, ниҳоят бо муждаи шодмонӣ – 9 майи соли 1945 ба поён расид.

Ба муносибати иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар маҷлисгоҳи раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конфронси илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.

Муфассал...
 
Вохӯриҳои силсилавӣ

Тибқи нақшаи мураттабгардидаи шӯъбаи тарбияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров барои нимсолаи дуввуми соли таҳсили 2012-2013 ва Прокуратураи вилояти Суғд санаи 14-уми майи соли равон бо устодону муовинони декан оид ба корҳои тарбиявии факултетҳо ва муҳассилини донишгоҳ дар мавзӯи «Падидаҳои манфию номатлуб, аз қабили экстремизму терроризм ва роҳҳои пешгирии он дар байни ҷавонон» дар толори бинои маҷлисгоҳи раёсати Донишгоҳ баъди вохӯрию мулоқотҳои силсилавӣ бо кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Раёсати кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шӯъбаи кор бо дини дастгоҳи Раиси вилоят, бо муфаттиши Прокуратураи вилояти Суғд Мансур Алиев, раиси уламои дини вилоят Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода ва мутахассиси Раёсати агентии маводи нашъаовар дар вилояти Суғд Шӯҳратҷон Абдуллоев вохӯрии судманд оид ба пешгирии ҳодисаҳои манфию номатлуб, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ва тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстию одоби ҳамидаи инсонӣ доир карда шуд.

Ректори донишгоҳ, дотсент Ғафурҷон Усмонов бо сухани ифтитоҳӣ ба вохӯрӣ ҳусни оғоз бахшида, зарурати онро доир ба хубтару беҳтар гардонидани корҳои тарбиявӣ бо такя ба дастуру супоришҳои Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле муҳим арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки барои беҳбудии корҳои таълиму тарбиявӣ уфуқҳои тозаеро боз хоҳад намуд.

Муфассал...
 
Канӣ духтарон

Бо ташаббуси шӯъбаи тарбияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  дар арафаи мулоқоти Президенти  мамлакат бо ҷавонони лаёқатманд  ва бахшида ба   Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон,  ки нишони шодиву сурур, сарсабзиву хуррамӣ маҳсуб меёбад,  дар толори маҷлисгоҳи раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  байни  донишҷӯдухтарони  тибқи  квота  таҳсилкунандаи  донишгоҳ  озмуни фарҳангию фароғатии «Канӣ духтарон» баргузор  гардид,  ки  он  басо  рамзиву   накӯ буд.

Озмунро  ректори донишгоҳ  Ғафурҷон Усмонов  ҳусни ифтитоҳ намуда, ба иштирокчиёни он комёбиҳо таманно карда, зимни суханронии хеш изҳор дошт, ки  таҷлили мутантани  Рӯзи  ҷавонони Тоҷикистон дар қаламрави вилоят ва ҷумҳурӣ бозгӯи он аст, ки марҳила ба марҳила ин тантанаи таърихӣ ба иди шукӯҳманди ҷавонон табдил меёбад ва ин амр  имрӯзҳо  ифодагари ғамхории фарогир ба ҳаёту  фаъолияти ҷавонон мебошад.

Муфассал...
 
<< Аввалин < Пешина 1 2 Минбаъда > Охарин >>

JPAGE_CURRENT_OF_TOTAL