ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittilootddh@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

КАБИНЕТ
ЭЪЛОН
Шуъбаи тарбияи донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки маҷмуаи мақолаҳоро дар силсилаи роҳнамои тарбият таҳти №20 доир ба нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҷалби устодони соҳибунвону соҳибтаҷрибаи донишгоҳ таҳия ва нашр намояд. Аз ин лиҳоз, хоҳишмандем мақолаҳои устодонро дар ҳаҷми на кам аз 4 саҳифаи чопӣ бо ҳуруфи тоҷикии Тames New Roman Tj то санаи 31-уми январи соли 2018 ба суроғаи электронии hgu-tarbiya@mail.ru ирсол намоед. Мақолаҳои ба талабот ҷавобгў набуда нашр карда намешаванд.





ҲИСОБОТИ РЕКТОР ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШГОҲ ДАР СОЛИ 2017

Дар толори калони раёсати Донишгоҳ гузориши ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Профессор Ҷўразода Ҷамшед Ҳабибулло дар ҷаласаи Шўрои Олимони донишгоҳ роҷеъ  ба масъалаи “Ҳисобот оид ба фаъолияти солонаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар соли 2017” баргузор гардид.  Ректори Донишгоҳ гузоришро аз суханронии Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 январи соли 2017 оғоз намуданд: «Сармояи инсонӣ ҳамчун муҳаррики пуриқтидор ба пешрафти инноватсия ва технологияҳои нав мусоидат мекунад ва бинобар ин, илми муосири ватанӣ бояд ҷавононро бештар ба илмомӯзӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ сафарбар намояд».

Ҳангоми гузориш ректори донишгоҳ фаъолияти сохтори донишгоҳ дар самти таълим, илм ва инноватсия, тарбия,  робитаҳои байналмиллалӣ, иқтисодӣ - молиявӣ  ва иттилоот ва таҳлилро  мавриди баррасӣ қарор дод.

Қайд карда шуд, ки дар соли 2017 аз ҷониби роҳбари донишгоҳ 841 муроҷиати шаҳрвандон тибқи ҷадвал мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шуда, аз ин миқдор ба 451 адад муроҷиат тариқи шифоҳӣ дар рӯзи қабул ва ба 390 муроҷиат тавассути мактуб ҷавобҳо ирсол гардидад, ки аз ин шумор муроҷиати 600 нафар шаҳрвандон баробар ба 71% мусбӣ баррасӣ карда шуд.

Тавассути қабулгоҳи электронии ректори донишгоҳ бошад давоми 2 моҳи ташкилёбиаш 32 муроҷиат – 21 то аз дохил ва 11-то аз хориҷи кишвар ворид гардида, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар соли таҳсили 2017-2018 ба курси якуми донишгоҳ 3261 нафар донишҷўён дохил шуданд, ки аз онҳо 3034 нафар тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 198 нафар тариқи квотаи президентӣ ва 9 нафар тариқи квотаи президентӣ аз ноҳияи Мурғоби ВМКБ, 1 нафар бо имтиёзи дорандаи медали нуқра мебошанд. Илова ба ин 1 нафар шаҳрванди хориҷӣ, 8 нафар аз Ҷумҳурии Қирғизистон, 7 нафар аз Ҷумҳурии Қазоқистон ва 3 нафар ҳамватанони бурунмарзӣ мебошанд. 

Дар соли таҳсили 2017-2018 барои гирифтани таҳсилоти дуюм 299 нафар, ҷиҳати идомаи таҳсил бошад 1140 нафар ва ба шуъбаи магистратура 249 нафар дохил шуданд, ки дар маҷмуъ 1688 нафарро ташкил медиҳанд.

Дар гузориш ректори донишгоҳ рафти фаъолияти Шуъбаи тарбия ва кор бо   ҷавононро мавриди таҳлил қарор дода иброз намуданд, ки  Соли 2017 барои ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ низ соли таърихиву ҷашнӣ ба ҳисоб рафта, ба муносибати Соли 2017- Соли ҷавонон, 20- солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чорабиниҳо баргузор гардиданд.

Дар ин замина, бо мақсади таҳкими робитаҳои таълимӣ, илмӣ, эҷодии донишҷўёни мактабҳои олии кишвар, ташаккули муносибатҳои дўстона миёни онҳо рўзҳои 20-23-юми июни соли 2017 рўзҳои донишҷўёни вилояти Хатлон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони “Донишҷўён – ҷавонони ваҳдатсаро” доир гардид.

Бахшида ба ин санаҳои таърихию ҷашнӣ дар донишгоҳ Спартакиадаи (ХХV) умумидонишгоҳии донишҷўёни факултетҳо аз рўи 7 намуди варзишӣ бо ҷалби беш аз 1000 (як ҳазор) нафар донишҷўён баргузор шуд. Дастаи донишгоҳ иборат аз 83 нафар дар Спартакиадаи донишҷўёни вилояти Суғд иштирок намуда, байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят бо гирифтани 63 медали тилло, 13 нуқра ва 7 биринҷӣ сазовори ҷойи аввал гардиданд. Инчунин 63 нафар донишҷўёни ғолиб ба Спартакиадаи ҷумҳуриявӣ роҳҳат гирифта, бо гирифтани 22 медали тилло, 14 нуқра ва 11 биринҷӣ ҳамчун дастаи мунтахаби вилоят ҷойи дуюмро дар ҷумҳурӣ ноил шуданд. 

Дар охир фаъолоне, ки дар рафти соли 2017 ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд бо сипоснома ва мукофотҳои ректори донишгоҳ сарфароз гардонида шуданд.

Факултетҳои беҳтарини донишгоҳ бо “Нишони фахрӣ” ва мукофотҳои пулӣ қадрдони карда шуд.

Ҷои якум факултети филологияи тоҷик, декан Тиллохӯҷаева М. ба ҳаҷми 1000 сомонӣ.

Ҷои дуюм факултети санъати тасвирӣ ва технология, декан Азизов А. ба ҳаҷми 800 сомонӣ.

Ҷои сеюм факултети таърих ва ҳуқуқ, декан Маҳмудова Н. Ба ҳаҷми 600 сомонӣ.

Кафедраҳои беҳтарини донишгоҳ бо нишон ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ҷои якум: Кафедраи адабиёти классикии тоҷик, мудир Ӯрунова М.

Кафедраи  технология ва методикаи таълими он, мудир Негматов Л.

Методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик, мудир Ҳакимова Ш.

Ҷои дуюм: Кафедраи таърихи Ватан, мудир Набиев В.М.

Кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбӣ, мудир Элмуродова С.

Кафедраи геоэкология ва методикаи таълими он, мудир Ғуфронов М.

Ҷои сеюм: Кафедраи адабиёти муосири тоҷик, мудир Аъзамов С.

Кафедраи таърихи умумӣ, мудир Мамадалиев И.

Кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ, мудир Ҳошимова Н.

Асос: Ҷамъбасти натиҷаи рейтинги кафедраҳо ва факултетҳо, пешниҳоди муовини ректор оид ба таълим.

 

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

Аз назар гузарониданд:108 нафар



баён кардани ахборот




Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар